https://sputnik.tj/20220720/rahimzoda-khisoroti-sukhtor-somoniro-1050113344.html
Раҳимзода: Хисороти 472 сӯхтор беш аз 14 миллион сомониро ташкил дод
Раҳимзода: Хисороти 472 сӯхтор беш аз 14 миллион сомониро ташкил дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар соли равон дар кишвар 472 сӯхтор ба қайд гирифта шуда, хисороти онҳо беш аз 14 миллион сомониро ташкил додааст
2022-07-20T09:40+0500
2022-07-20T09:40+0500
2022-07-20T11:58+0500
дар тоҷикистон
хисорот
сӯхтор
рамазон раҳимзода
вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043034552_0:88:3377:1987_1920x0_80_0_0_368646254c108769ee2aafedf6aed22c.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон дар натиҷаи сӯхтори амволи давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон 14 миллиону 394 ҳазор сомонӣ хисороти моддӣ расонида шудааст.Ба гуфтаи вазири тоҷик, ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта кам буда, соли 2021 хисороти расонидашуда дар ҳамин давра 16 миллиону 722 ҳазор сомониро ташкил дода буд.Ҳамзамон Рамазон Раҳимзода қайд кард, ки дар натиҷаи сӯхторҳо 9 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд, ки 3 нафари онҳо ноболиғон мебошанд.“Сабаби сар задани сӯхтор асосан омили инсонӣ – хунукназарии одамон ва риоя накардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор мебошад. Асбобҳои гармидиҳӣ, ҳавополоҳо (кондитсионерҳо), шамолдиҳандаҳо (вентиляторҳо) ва дигар асбобҳои рӯзгор шабонарӯзӣ ва на ҳамеша мувофиқи қоидаҳои бехатарӣ истифода бурда мешаванд”, - афзуд вазири умури дохила.Вазир илова кард, ки дар саросари кишвар беш аз 86 нуқтаи оташнишонӣ мавҷуданд, ки аксари онҳо дар замони истиқлолият кушода шудаанд.Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар давоми шаш моҳ кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди шаш ҳазор муассисаҳои гуногунро ҷиҳати риояи қоидаҳои пешгирии сӯхтор тафтиш намуда, фаъолияти биноҳое, ки дар ҳолати таҳдиди сӯхтор қарор доранд, боздошта мешавад.
https://sputnik.tj/20220529/vkd-sabab-zarar-sukhtor-bozor-khorugh-muayyan-1048780343.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043034552_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_f40e8d93e00ceb62c6fc4af736b180b8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раҳимзода рамазон, сӯтор, хисорот, вазир, вкд
тоҷикистон, раҳимзода рамазон, сӯтор, хисорот, вазир, вкд
Раҳимзода: Хисороти 472 сӯхтор беш аз 14 миллион сомониро ташкил дод
09:40 20.07.2022 (Навсозишуда: 11:58 20.07.2022) Вазири умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар соли равон дар кишвар 472 сӯхтор ба қайд гирифта шуда, хисороти онҳо беш аз 14 миллион сомониро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон дар натиҷаи сӯхтори амволи давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон 14 миллиону 394 ҳазор сомонӣ хисороти моддӣ расонида шудааст.
Ба гуфтаи вазири тоҷик, ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта кам буда, соли 2021 хисороти расонидашуда дар ҳамин давра 16 миллиону 722 ҳазор сомониро ташкил дода буд.
“Дар давоми 6 мохи соли равон дар ҷумҳурӣ шумораи сӯхтор низ кам шудааст. Дар ин давра дар кишвар 472 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 ҳолат кам мебошад”, - гуфт вазир.
Ҳамзамон Рамазон Раҳимзода қайд кард, ки дар натиҷаи сӯхторҳо 9 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд, ки 3 нафари онҳо ноболиғон мебошанд.
“Сабаби сар задани сӯхтор асосан омили инсонӣ – хунукназарии одамон ва риоя накардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор мебошад. Асбобҳои гармидиҳӣ, ҳавополоҳо (кондитсионерҳо), шамолдиҳандаҳо (вентиляторҳо) ва дигар асбобҳои рӯзгор шабонарӯзӣ ва на ҳамеша мувофиқи қоидаҳои бехатарӣ истифода бурда мешаванд”, - афзуд вазири умури дохила.
Вазир илова кард, ки дар саросари кишвар беш аз 86 нуқтаи оташнишонӣ мавҷуданд, ки аксари онҳо дар замони истиқлолият кушода шудаанд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар давоми шаш моҳ кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди шаш ҳазор муассисаҳои гуногунро ҷиҳати риояи қоидаҳои пешгирии сӯхтор тафтиш намуда, фаъолияти биноҳое, ки дар ҳолати таҳдиди сӯхтор қарор доранд, боздошта мешавад.