Тарҳи сармоягузории 100-миллиондоллара дар ВМКБ

© PixabayРукопожатие
Рукопожатие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2022
Обуна шудан
Форуми байнулмилалии "Pamir Invest 2022" ҳудуди 100 млн доллар сармоягузорӣ сари тарҳҳои мухталифи инкишофӣ дар ВМКБ-ро ба баррасӣ хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ҷалби даҳҳо млн доллар барои бунёди боғ, варзишгоҳ, сохтмони манзилҳои бисёрошёна, корхонаҳои саноатӣ ва дигар бахшҳо дар доираи "Pamir Invest 2022" дар назар аст.
Як манбаъи огоҳ аз кори форум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қарор аст ба маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ миёни ҳукумат ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ қарордодҳо ба имзо расанд, ки ин тарҳҳо умдатан дар шаҳри Хоруғ иҷро мешаванд.
"Ҳукумат шаҳрро пурра бозсозӣ хоҳад кард. Масалан, ширкатҳои сохтмонии ватаниву муштарак дар шаҳр 20 бинои нуҳманзила хоҳанд сохт. Варзишгоҳи Хоруғ бозсозӣ мешавад ва боғи шаҳр пурра аз нав сохта хоҳад шуд. Раёсати нақлиёти шаҳрӣ низ автобусу мусофиркашонҳои нав дастрас хоҳад кард", - гуфт манбаъ.
Ин манбаъ гуфт, дар ҳоли ҳозир тамоми таҷҳизот барои ду корхона – бетон ва қуму шағал аз хориҷ ба шаҳр ворид карда шуда, мутахассисин барои фаъол кардани онҳо эъзом шудаанд.
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2022
Тарғиби истиқлолу озодӣ: ҳукумат нақшаи то соли 2026-ро тасдиқ кард
“Илова бар ин, дар Хоруғ тарҳи сохтмони як корхонаи шир ва як корхонаи нон низ дар назар аст. Инҳо ҳама тарҳҳоеанд, ки ҳоло тасбит шудаанд. Тарҳҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки дар ҳоли баррасиянд ва ҳам тарҳҳои ҷадидеро бо сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ба баррасӣ хоҳем гирифт, ки аксаран саноатӣ хоҳанд буд", - афзуд мусоҳиб.
Ҳамчунин таъкид намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ омода аст ба ширкатҳои сармоягузор бархе сабукиҳо низ диҳад.
Ин манбаъ аз ҷумлаи сармоягузорони хориҷӣ танҳо аз “Казэкспорт”, муассисаи сармоягузории Қазоқистон, ном бурд, ки дар форум ширкат хоҳад кард.
Форуми байнулмилалии "Pamir Invest 2022" дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 17 то 18 август идома хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0