Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Шойгу гуфт, Русия кай аз силоҳи ҳастаӣ истифода мекунад: дар Украина чӣ?

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ С. Шойгу проинспектировал российскую группировку "Восток"
Министр обороны РФ С. Шойгу проинспектировал российскую группировку Восток - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2022
Обуна шудан
Вазири мудофиаи Русия хабарҳо дар мавриди эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар зимни амалиёти низомӣ дар Украинаро дурӯғ ва ҳадсҳо дар ин бораро бепоя хонд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Партобҳои иттилоотӣ дар бораи нақшаҳои Русия барои истифодаи силоҳи ҳастаии тактикӣ дар Украина дурӯғанд, изҳор дошт Сергей Шойгу, вазири дифои Русия зимни ифтитоҳи конфронси Маскав дар масоили амнияти байналмилалӣ дар чаҳорчӯби форуми "Армия-2022".
"Васоити ахбори умум дар бораи гӯиё нияти Русия барои истифодаи аслиҳаи ҳастаии тактикӣ дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ ё омодагӣ ба истифода аз силоҳи кимиёвӣ ҳадсҳоро паҳн мекунанд. Ҳамаи ин дурӯғи мутлақ аст", - гуфт ӯ.
Вазир таъкид кард, ки аз нигоҳи низомӣ зарурати истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар Украина нест.
Вай тавзеҳ дод, ки ҳадафи аслии силоҳи ҳастаии Русия ҷилавгирӣ аз ҳамлаи ҳастаӣ ба қаламрави кишвар аст.
Шойгу ёдовар шуд, ки истифодаи ин навъи силоҳ бо ҳолатҳои фавқулодда маҳдуд аст, ки "дар ҳуҷҷатҳои дастурии Русия, ки барои омма кушодаанд, муайян карда шудаанд."
Ӯ ҳамчунин иддао дар бораи эҳтимоли истифодаи силоҳи кимиёвӣ ҳангоми амалиёти вижа дар Украинаро беасос хонд.
Президент РФ В. Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2022
Путин: ИМА талош дорад, муноқиша дар Украина тамдид шавад
Вай гуфт, силоҳи ҳастаӣ ҳанӯз соли 2017 дар Русия нобуд карда шуда буданд.
"Бар хилофи Иёлоти Муттаҳида, ин гуна силоҳ дар кишвари мо ҳанӯз соли 2017 дар чаҳорчӯби иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ комилан нобуд карда шуда буданд", - гуфт Шойгу.
Дар зимн вазири дифои Русия таъкид намуд, ки истифодаи иғвогаронаи моддаҳои заҳролуд хоси созмонҳои ба истилоҳ ҷамъиятие, ба монанди "Сарпӯшҳои сафед" дар Сурия мебошад, ки аз ҷониби Ғарб сарпарастӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0