Роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Русия боз шуд: аввалин қатор аз Кӯлоб баромад

© SputnikЖД Вокзал в Душанбе
ЖД Вокзал в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2022
Обуна шудан
Бори аввал дар ду сол, пас аз лағви як қатор маҳдудиятҳои зидди коронавирус як қатори мусофирбар иборат аз 13 вагон аз Кӯлоб ба Волгоград рафт
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Иртибототи рейлии байни Тоҷикистону Русия, ки бар асари пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, дигарбора аз сар гирифта шуд, хабар доданд аз маъмурияти истгоҳи роҳи оҳани Душанбе.
"16 август соати 00:10 аввалин қатора аз шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ба Волгоград рафт ва рӯзи ҷумъа ба онҷо мерасад", — гуфт сухангӯи терминал дар сӯҳбат бо ТАСС.
Онҳо ҳамчунин афзуданд, ки тамоми чиптаҳои қатораи аввал фурӯхта шудаанд, ки теъдоди он беш аз 600 адад аст.
Ба иттилои манбаъ, арзиши он каме бештар аз 1,4 ҳазор сомониро ташкил медод.
"Дар рӯзҳои 27-уми август ва 7-уми сентябр ду қатори дигар аз Душанбе ва Хуҷанд ба Волгоград ҳаракат мекунанд, ки фурӯши чиптаҳо низ ба роҳ монда шудааст", - афзуд манбаъ.
Қатораи Тоҷикистони озими Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2022
Эълони нархи чиптаи қатора аз Тоҷикистон ба Русия: гарон ё арзон?
Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон аз ин қатор метавонанд шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Қазоқистон истифода кунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан қарор буд, иртибототи роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Русия, ки аз 17 марти соли 2020 қатъ шуда, дар охири моҳ, 30 август аз сар гирифта шавад.
Аммо ширкати Роҳҳои оҳани Русия эълон кард, ки ҳамлу нақли мусофирон байни кишварҳо ду ҳафта пеш оғоз мешавад.
Бояд қайд кард, ки дар маҷмӯъ се хатсайр ба нақша гирифта шудааст:
Қаторҳои Кӯлоб-Волгоград ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ҳаракат мекунанд ва рӯзи ҷумъа ба истгоҳи Волгоград-1 мерасад ва рӯзи душанбе бармегарданд.
Хатсайри Душанбе - Волгоград рӯзҳои шанбе ба роҳ баромада, рӯзи сешанбе бармегардад.
Хатсайри Хуҷанд - Волгоград - мутаносибан рӯзҳои чоршанбе ва шанбе равуо мекунад.
Лентаи хабарҳо
0