https://sputnik.tj/20220816/putin-safiri-nav-tojikiston-tayin-1050750536.html
Путин сафири нав дар Тоҷикистонро таъйин кард: 62-сола, донандаи забони форсӣ
Путин сафири нав дар Тоҷикистонро таъйин кард: 62-сола, донандаи забони форсӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия фармон дар бораи таъйини сафири нави ФР дар Тоҷикистонро имзо кард. Дипломати навтаъйин таҷрибаи кор дар Тоҷикистонро дошта, форсиро медонад
2022-08-16T13:57+0500
2022-08-16T13:57+0500
2022-08-16T15:04+0500
дар русия
сиёсат
сафорат
сафири русия
таъйин
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/10/1050749732_0:0:3320:1869_1920x0_80_0_0_df148d1f5d21c68c184509c8075bf385.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Семён Григорев, сафири нави Русия дар Тоҷикистон таъйин гардид. Фармон дар ин бораро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имзо кардааст. Бо фармони дигар, Игор Лякин-Фролов аз вазифаи сафири Русия дар Тоҷикистон озод карда шуд. Сафири навтаъйин хатмкардаи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав буда, қаблан ҳамчун мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор кардааст. Ҳамчунин ӯ дар вазифаҳои мушовири сафорати Русия дар Афғонистону Эрон низ фаъолият кардааст. Семён Григорев аз соли 2008 то 2018 нахустин сафири Русия дар Абхазистон баъди эътирофи ин кишвар аз ҷониби Маскав буд. Аз моҳи августи соли 2018 то ҳол мудири Департаменти равобит бо субъектҳои Федератсия, парлумон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати умури хориҷии Русия буд. Бар асоси ҳолномааш, Григорев соли 1960 дар Маскав таваллуд шуда, забонҳои форсӣ, пашту ва англисиро балад аст. Маврид ба зикр аст, ки тайи 9 соли охир рисолати сафири Русия дар Тоҷикистонро Игор Лякин-Фролов ба уҳда дошт. Фролов дар анҷоми рисолати дипломатияш аз муносиботи наздики Тоҷикистону Русия тавсиф кард."Боиси хушнудист, ки миёни раҳбарони мо - Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон муносибати дӯстона ва эътимодбахш идома дорад, ки хусусияти шарикӣ ва ҳамкории стратегиро пурра инъикос мекунад", - гуфт дипломат.Вай ҳамчунин афзуд, ки "тайи ин солҳо равобити Русия ва Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо - дар сиёсат, иқтисод, дифои низомӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ рушд ва таҳким ёфт".
https://sputnik.tj/20220731/tanho-rohbar-ustod-frolov-khayr-1050379725.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/10/1050749732_331:0:3062:2048_1920x0_80_0_0_002d5832dd4121acfeaf0579ac23cd9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
форсӣ, сафир, русия, душанбе, тоҷикистон, таъйин
форсӣ, сафир, русия, душанбе, тоҷикистон, таъйин
Путин сафири нав дар Тоҷикистонро таъйин кард: 62-сола, донандаи забони форсӣ
13:57 16.08.2022 (Навсозишуда: 15:04 16.08.2022) Раисҷумҳури Русия фармон дар бораи таъйини сафири нави ФР дар Тоҷикистонро имзо кард. Дипломати навтаъйин таҷрибаи кор дар Душанберо дошта, форсиро медонад
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Семён Григорев, сафири нави Русия дар Тоҷикистон таъйин гардид. Фармон дар ин бораро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имзо кардааст.
Бо фармони дигар, Игор Лякин-Фролов аз вазифаи сафири Русия дар Тоҷикистон озод карда шуд.
Сафири навтаъйин хатмкардаи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав буда, қаблан ҳамчун мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳамчунин ӯ дар вазифаҳои мушовири сафорати Русия дар Афғонистону Эрон низ фаъолият кардааст.
Семён Григорев аз соли 2008 то 2018 нахустин сафири Русия дар Абхазистон баъди эътирофи ин кишвар аз ҷониби Маскав буд. Аз моҳи августи соли 2018 то ҳол мудири Департаменти равобит бо субъектҳои Федератсия, парлумон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати умури хориҷии Русия буд.
Бар асоси ҳолномааш, Григорев соли 1960 дар Маскав таваллуд шуда, забонҳои форсӣ, пашту ва англисиро балад аст.
Маврид ба зикр аст, ки тайи 9 соли охир рисолати сафири Русия дар Тоҷикистонро Игор Лякин-Фролов ба уҳда дошт.
Фролов дар анҷоми рисолати дипломатияш аз муносиботи наздики Тоҷикистону Русия тавсиф кард.
"Боиси хушнудист, ки миёни раҳбарони мо - Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон муносибати дӯстона ва эътимодбахш идома дорад, ки хусусияти шарикӣ ва ҳамкории стратегиро пурра инъикос мекунад", - гуфт дипломат.
Вай ҳамчунин афзуд, ки "тайи ин солҳо равобити Русия ва Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо - дар сиёсат, иқтисод, дифои низомӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ рушд ва таҳким ёфт".