https://sputnik.tj/20220815/zakharova-sharti-qati-ravobit-rusiya--ima-1050713578.html
Захарова шарти қатъи равобит миёни Русия ва ИМА-ро гуфт
Захарова шарти қатъи равобит миёни Русия ва ИМА-ро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи расмии вазорати хориҷаи Русия гуфт, агар Вашингтон Маскавро кишвари сармоягузори терроризм эълон кунад, равобити ду кишвар қатъ хоҳад шуд
2022-08-15T09:00+0500
2022-08-15T09:00+0500
2022-08-16T17:27+0500
дар русия
има
амрико
равобит
қатъ
муносибат
терроризм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/14/1046938706_0:327:3057:2047_1920x0_80_0_0_d716176577816e4628cfcfd7bb8434b6.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг – Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиони "Россия 1" гуфт, Иёлоти Муттаҳида бояд дарк кунад, ки агар Конгресс Русияро "кишвари маблағгузори терроризм" эълон кунад, он гоҳ дар бораи равобити ду кишвар метавон фаромӯш кард."Агар то ҳол аз ёди онҳо нарафта бошад, пас эҳтимол онҳо дарк мекунанд. Мо дар ин бора борҳо сӯҳбат карда будем ва на танҳо ба таври шифоҳӣ, шартҳоро баён кардем балки ба таври хаттӣ онро нашр кардем ва ва ҳатто ба забони англисӣ ҳам тарҷума кардем. Ҳама чиз борҳо гуфта шудааст", - таъкид кард ӯ.Дар охири моҳи июл Сенати ИМА қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он аз вазорати хориҷаи Амрико хост, ки Русияро бино бар ҳаводиси Чеченистон, Гурҷистон, Сурия ва Украина ҳамчун кишвари "маблағгузори терроризм" эътироф кунад.Қаблан мақомоти Киев дар ҳамин бора аз Вашингтон тақозо карда буд.Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико, дар навбати худ гуфт, шомил шудани Маскав ба феҳристи “кишвари маблағгузори терроризм” барои ин кишвар чизеро ислоҳ нахоҳад кард.Дар ҳамин ҳол, тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, чанд ҳафта аст, ки мақомдорон дар ин бора мавриди фишор қарор доранд. Ба ин тартиб, раиси палатаи намояндагон Нэнси Пелосӣ ҳушдор дод, ки агар Департаменти давлатӣ ин рӯйхатро накунад, худи Конгресс Русияро дар ин феҳрист қарор хоҳад дод.Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, Кремл паёмадҳои эҳтимолии ин иқдом барои равобити ду кишвар ниҳоят манфӣ хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20220803/ima-jang-jahon-namoish-guzosht-1050472317.html
има
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/14/1046938706_204:0:2933:2047_1920x0_80_0_0_62ea6e908095deb1bd4e530e939426e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, има, амрико, равобит, вашингтон, сармоягузори терроризм, қатъ, маскав
русия, има, амрико, равобит, вашингтон, сармоягузори терроризм, қатъ, маскав
Захарова шарти қатъи равобит миёни Русия ва ИМА-ро гуфт
09:00 15.08.2022 (Навсозишуда: 17:27 16.08.2022) Сухангӯи расмии Вазорати хориҷаи Русия гуфт, агар Вашингтон Маскавро кишвари сармоягузори терроризм эълон кунад, равобити ду кишвар қатъ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 15 авг – Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиони "Россия 1" гуфт, Иёлоти Муттаҳида бояд дарк кунад, ки агар Конгресс Русияро "кишвари маблағгузори терроризм" эълон кунад, он гоҳ дар бораи равобити ду кишвар метавон фаромӯш кард.
"Агар то ҳол аз ёди онҳо нарафта бошад, пас эҳтимол онҳо дарк мекунанд. Мо дар ин бора борҳо сӯҳбат карда будем ва на танҳо ба таври шифоҳӣ, шартҳоро баён кардем балки ба таври хаттӣ онро нашр кардем ва ва ҳатто ба забони англисӣ ҳам тарҷума кардем. Ҳама чиз борҳо гуфта шудааст", - таъкид кард ӯ.
Дар охири моҳи июл Сенати ИМА қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он аз вазорати хориҷаи Амрико хост, ки Русияро бино бар ҳаводиси Чеченистон, Гурҷистон, Сурия ва Украина ҳамчун кишвари "маблағгузори терроризм" эътироф кунад.
Қаблан мақомоти Киев дар ҳамин бора аз Вашингтон тақозо карда буд.
Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико, дар навбати худ гуфт, шомил шудани Маскав ба феҳристи “кишвари маблағгузори терроризм” барои ин кишвар чизеро ислоҳ нахоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, чанд ҳафта аст, ки мақомдорон дар ин бора мавриди фишор қарор доранд. Ба ин тартиб, раиси палатаи намояндагон Нэнси Пелосӣ ҳушдор дод, ки агар Департаменти давлатӣ ин рӯйхатро накунад, худи Конгресс Русияро дар ин феҳрист қарор хоҳад дод.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, Кремл паёмадҳои эҳтимолии ин иқдом барои равобити ду кишвар ниҳоят манфӣ хоҳад буд.