Ғанӣ: Бо фирор аз Афғонистон толибонро аз “лаззати таҳқири як раисҷумҳур” маҳрум кардам

© AP / Rahmat GulБывший президент Афганистана Ашраф Гани
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури пешини Афғонистон бори дигар мавзуи фирорашро аз Кобулро дар рӯзи тасаллути толибон бар пойтахти кишвар тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон дар суҳбат бо шабакаи телевизиюнии CNN бори дигар дар тавзеҳи фирори худ аз кишвар гуфт ки ӯ бо ин иқдоми толибонро аз “лиззати таҳқири як раисҷумҳури афғон" маҳрум кардааст.
Раисҷумҳури пешини кишвар дар мусоҳиба бо ин шабакаи телевизионӣ бо баёни ин ки дифоъ аз кишвар ба далели фурупошии неруҳои амниятӣ "номумкин" шуда буд, афзуд ки ӯ бо фирор аз Афғонистон толибонро аз “лиззати таҳқири як раисҷумҳури афғон" маҳрум кардааст.
Оқои Ғанӣ дар барномаи Ҷай Пӣ Эс ё "чаҳорроҳи ҷаҳон"-и шабака CNN гуфт ки ӯ охирин фарде буд, ки Афғонистонро тарк кард.
Раисҷумҳури фирории Афғонистон дар ин мусоҳиба ҳамчин гуфт, ки вазири дифои ҳукуматаш вазоратро тарк карда буд.
Маршал Абдул-Рашид Дустум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2022
Дӯстум: Моро гурӯҳи толибон шикаст надод, Ғанӣ паймоншиканӣ кард
Ӯ афзуд "ман барояш гуфтам, ки ба вазорат меоем, аммо вазорат холӣ буд ва ӯ (вазири дифо) дар тайёра буд".
Ӯ мегуяд: “ман охирин фарде будам, ки кишварро тарк кардам. Далели тарк кардани кишвар ҳам ин буд, ки нахостам ба толибону тарафдоронашон як бори дигари лиззати таҳқири як раисҷумҳури афғонро бидиҳам".
Гуфтанист, ки Ашраф Ғании пештар дар мусоҳиба бо расонаҳо низ муддаи шуд, ки бар асоси қонӯни асосии Афғонистон ҳануз ҳам раисҷумҳур кишвар аст.
Ӯ дар он мусоҳиба, тавофуқномаи Давҳа ва "ваъдаҳои Залмай Халилзод" ба шуморе аз сиёсатмадорони афғонро омили аслии фурӯпошии низоми ҷумҳӯрият" дар Афғонистон унвон кард.
Лентаи хабарҳо
0