https://sputnik.tj/20220815/sharikon-voqei-furushi-asliha-putin-forumi-artish-2022-1050737503.html
Аз шарикони воқеӣ то фурӯши аслиҳа: Путин дар Форуми "Артиш-2022" аз чӣ ёдовар шуд?
Аз шарикони воқеӣ то фурӯши аслиҳа: Путин дар Форуми "Артиш-2022" аз чӣ ёдовар шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Русия дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии "Артиш-2022" чанд ҷанбаи муҳимеро дар бораи амалиёт дар Украина ва шариконаш баён кард
2022-08-15T21:10+0500
2022-08-15T21:10+0500
2023-02-08T19:44+0500
дар русия
владимир путин
шарики асосӣ
аслиҳа
фурӯш
ғарб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1c/1049574908_0:0:3173:1785_1920x0_80_0_0_65a40dc5c182608a0cf402a2693a900f.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни суханрониаш дар Форуми байналмилалии "Артиш-2022" таъкид кард, ки Русия аз шарикон ва ҳамфикронаш, ки дар назди гегемон сар хам накарданд, истиқбол мекунад.Ӯ раҳбарони чунин кишварҳоро мардони ҳақиқӣ номид.Шарикони ҳақиқӣБа гуфтаи Владимир Путин Русия дар қитъаҳои гуногун шарикон ва ҳамфикрони зиёде дорад ва аз он истиқбол мекунад, ки онҳо дар назди гегемон (Амрико) сар хам накарданд ва роҳи соҳибихтиёрии рушдро интихоб намуданд.Вай тавзеҳ дод, ки ин давлатҳо роҳи соҳибихтиёру рушди мустақилро интихоб карданд, онҳо мехоҳанд, масоили амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавиро ба таври дастаҷамъона дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ, масъулияти мутақобила ва дар назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар ҳал кунанд."Ҳамин тавр (онҳо мехоҳанд) дар дифоъ аз ҷаҳони бисёрқутбӣ саҳм гузоранд", - афзуд президент.Дар ҳамин ҳол, кишвардори Русия гуфт, ки кишвараш омодааст ба муоссиртарин аслиҳаро дар ихтиёри ҳампаймонҳояш гузорад.Шарикони Русия соҳиби аслиҳаи муоссир хоҳанд шудРаисҷумҳурои Русия мегӯяд, аксари намунаҳои аслиҳаи кишвараш дар хориҷ беназиранд ва Русия омодааст, ба ҳампаймонҳояш навтарин аслиҳаро пешниҳод кунад.Владимир Путин, гуфт Русия равобити қавӣ бо кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Осиё ва Африқоро қадр мекунад ва омода аст ҳамфикрон ва шариконашро бо навъҳои муосиртарини силоҳ таъмин намояд.Ба гуфтаи Путин Русия метавонад ба шариконаш аз яроқу аслиҳаи сабук, то мошинҳои зиреҳпӯш, аслиҳаи тупхонаӣ, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва паҳподҳо пешниход кунад.Аслиҳаи содироти алакай дар ҷангҳои воқеӣ санҷида шудаастВладимир Путин қайд кард, ки тақрибан ҳамаи навъҳои аслиҳаи Русия, ки барои содирот пешниҳод шудаанд, борҳо дар амалиёти воқеии ҷангӣ истифода шудаанд.Кишвардори Русия афзуд, ки бисёре аз намунаҳои аслиҳаи русӣ аз рақибони хориҷии худ даҳсолаҳо пеш гузаштаанд ва аз лиҳози хусусиятҳои тактикӣ ва фаннӣ хеле бартарӣ доранд.Ӯ гуфт, намунаҳо ва системаҳои ояндадор ба ояндаи қувваҳои мусаллаҳро таъсир мерасонад.Ёдовар мешавем, ки чорабинии бузурги имсола аз 13 то 27 август дар 12 давлат баргузор мешавад. Дар байни онҳо Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Беларус, Венесуэла, Ветнам, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Русия ва Ӯзбекистон ҳастанд.Бори аввал яке аз мусобиқаҳои бозӣ дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ баргузор мешавад - "Снайперский рубеж" ба Венесуэла бовар карда шудааст.Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Бозиҳо якбора ташкили 36 мусобиқаи байналмилалӣ дар назар аст. Дастаҳои Нигерия ва Руанда бори аввал дар АРМИ 2022 ширкат мекунанд.
https://sputnik.tj/20220815/putin-taslihoti-sodirotii-rusiya-amaliyoti-istifoda-1050736113.html
https://sputnik.tj/20220815/putin-rusiya-hampaymonho-gegemon-1050733108.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1c/1049574908_57:0:2786:2047_1920x0_80_0_0_52ba4efedb76d56b1613818e865a3a8f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, владимир путин, аслиҳа, фурӯш, форуми байналмилаӣ, украина, амалиёт, шарикон, ҳампаймонҳо
русия, владимир путин, аслиҳа, фурӯш, форуми байналмилаӣ, украина, амалиёт, шарикон, ҳампаймонҳо
Аз шарикони воқеӣ то фурӯши аслиҳа: Путин дар Форуми "Артиш-2022" аз чӣ ёдовар шуд?
21:10 15.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Кишвардори Русия дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии "Артиш-2022" чанд ҷанбаи муҳимеро дар бораи амалиёт дар Украина ва шариконаш баён кард
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни суханрониаш дар Форуми байналмилалии "Артиш-2022" таъкид кард, ки Русия аз шарикон ва ҳамфикронаш, ки дар назди гегемон сар хам накарданд, истиқбол мекунад.
Ӯ раҳбарони чунин кишварҳоро мардони ҳақиқӣ номид.
Ба гуфтаи Владимир Путин Русия дар қитъаҳои гуногун шарикон ва ҳамфикрони зиёде дорад ва аз он истиқбол мекунад, ки онҳо дар назди гегемон (Амрико) сар хам накарданд ва роҳи соҳибихтиёрии рушдро интихоб намуданд.
"Мо аз ин истиқбол мекунем, ки кишвари мо дар қитъаҳои мухталиф иттифоқчиён, шарикон, ҳамфикрони зиёде дорад. Инҳо давлатҳое ҳастанд, ки дар назди ба истилоҳ гегемон сар хам накарданд. Сарварони онҳо хислати ҳақиқии мардонагиро нишон доданд", - афзуд ӯ.
Вай тавзеҳ дод, ки ин давлатҳо роҳи соҳибихтиёру рушди мустақилро интихоб карданд, онҳо мехоҳанд, масоили амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавиро ба таври дастаҷамъона дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ, масъулияти мутақобила ва дар назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар ҳал кунанд.
"Ҳамин тавр (онҳо мехоҳанд) дар дифоъ аз ҷаҳони бисёрқутбӣ саҳм гузоранд", - афзуд президент.
Дар ҳамин ҳол, кишвардори Русия гуфт, ки кишвараш омодааст ба муоссиртарин аслиҳаро дар ихтиёри ҳампаймонҳояш гузорад.
Шарикони Русия соҳиби аслиҳаи муоссир хоҳанд шуд
Раисҷумҳурои Русия мегӯяд, аксари намунаҳои аслиҳаи кишвараш дар хориҷ беназиранд ва Русия омодааст, ба ҳампаймонҳояш навтарин аслиҳаро пешниҳод кунад.
Владимир Путин, гуфт Русия равобити қавӣ бо кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Осиё ва Африқоро қадр мекунад ва омода аст ҳамфикрон ва шариконашро бо навъҳои муосиртарини силоҳ таъмин намояд.
"Русия муносибатҳои таърихии қавӣ, дӯстона ва воқеан боэътимодашро бо кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Осиё ва Африқо қадр мекунад ва омода аст, ки онҳоро бо ҷадидтарин аслиҳа таъмин намояд", - гуфт, раисиҷумҳури Русия дар намоишгоҳи "Армия 2022".
Ба гуфтаи Путин Русия метавонад ба шариконаш аз яроқу аслиҳаи сабук, то мошинҳои зиреҳпӯш, аслиҳаи тупхонаӣ, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва паҳподҳо пешниход кунад.
Аслиҳаи содироти алакай дар ҷангҳои воқеӣ санҷида шудааст
Владимир Путин қайд кард, ки тақрибан ҳамаи навъҳои аслиҳаи Русия, ки барои содирот пешниҳод шудаанд, борҳо дар амалиёти воқеии ҷангӣ истифода шудаанд.
"Дар тамоми ҷаҳон аслиҳаи русӣ миёни мутахассисони низомӣ боэътимод ва сифатнок дониста мешавад. Тақрибан ҳамаи онҳо борҳо дар амалиёти воқеии ҷангӣ истифода шудаанд”, - гуфт Владимир Путин.
Кишвардори Русия афзуд, ки бисёре аз намунаҳои аслиҳаи русӣ аз рақибони хориҷии худ даҳсолаҳо пеш гузаштаанд ва аз лиҳози хусусиятҳои тактикӣ ва фаннӣ хеле бартарӣ доранд.
Ӯ гуфт, намунаҳо ва системаҳои ояндадор ба ояндаи қувваҳои мусаллаҳро таъсир мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии бузурги имсола аз 13 то 27 август дар 12 давлат баргузор мешавад. Дар байни онҳо Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Беларус, Венесуэла, Ветнам, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Русия ва Ӯзбекистон ҳастанд.
Бори аввал яке аз мусобиқаҳои бозӣ дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ баргузор мешавад - "Снайперский рубеж" ба Венесуэла бовар карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Бозиҳо якбора ташкили 36 мусобиқаи байналмилалӣ дар назар аст. Дастаҳои Нигерия ва Руанда бори аввал дар АРМИ 2022 ширкат мекунанд.