https://sputnik.tj/20220815/putin-rusiya-hampaymonho-gegemon-1050733108.html
Путин: Русия ҳампаймонҳои зиёде дорад, ки назди гегемония сархам намешаванд
Путин: Русия ҳампаймонҳои зиёде дорад, ки назди гегемония сархам намешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Русия мегӯяд, кишвараш аз муттаҳидон ва ҳамфикронаш, ки ба гегемония майл намекунанд, истиқбол мекунад. Ӯ раҳбарони чунин кишварҳоро мардони ҳақиқӣ хонд
2022-08-15T17:30+0500
2022-08-15T17:30+0500
2023-02-08T19:44+0500
владимир путин
артиш
сиёсат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0f/1050732758_0:0:3243:1825_1920x0_80_0_0_002da1d3123ec45cf891c2ac64eff390.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Русия дар қитъаҳои гуногун иттифоқчиён ва ҳамфикрони зиёде дорад ва аз он истиқбол мекунад, ки онҳо дар назди гегемония хам намешаванд, роҳи соҳибихтиёрии рушдро интихоб мекунанд, гуфт президенти Русия Владимир Путин.Вай тавзеҳ дод, ки ин давлатҳо роҳи соҳибихтиёру мустақили рушдро интихоб мекунанд, онҳо мехоҳанд, ки масъалаҳои амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавиро ба таври дастаҷамъона дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ, масъулияти мутақобила ва дар назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар ҳал кунанд."Ҳамин тавр (онҳо мехоҳанд) дар дифоъ аз ҷаҳони бисёрқутбӣ саҳм гузоранд", - афзуд президент. Ёдовар мешавем, ки чорабинии бузурги имсола аз 13 то 27 август дар 12 давлат баргузор мешавад. Дар байни онҳо Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Беларус, Венесуэла, Ветнам, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Русия ва Ӯзбекистон ҳастанд.Бори аввал яке аз мусобиқаҳои бозӣ дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ баргузор мешавад - "Снайперский рубеж" ба Венесуэла бовар карда шудааст.Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Бозиҳо якбора ташкили 36 мусобиқаи байналмилалӣ дар назар аст. Дастаҳои Нигерия ва Руанда бори аввал дар АРМИ 2022 ширкат мекунанд.
https://sputnik.tj/20220815/putin-forum-armiya-2022-sukhanroni-1050730130.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0f/1050732758_460:0:3191:2048_1920x0_80_0_0_159e9c41317ecb4c76ca0f17e18df912.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин русия ҳампаймон гегемония
путин русия ҳампаймон гегемония
Путин: Русия ҳампаймонҳои зиёде дорад, ки назди гегемония сархам намешаванд
17:30 15.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Раҳбари Русия мегӯяд, кишвараш аз муттаҳидон ва ҳамфикронаш, ки ба гегемония майл намекунанд, истиқбол мекунад. Ӯ раҳбарони чунин кишварҳоро мардони ҳақиқӣ хонд
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Русия дар қитъаҳои гуногун иттифоқчиён ва ҳамфикрони зиёде дорад ва аз он истиқбол мекунад, ки онҳо дар назди гегемония хам намешаванд, роҳи соҳибихтиёрии рушдро интихоб мекунанд, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Мо аз ин истиқбол мекунем, ки кишвари мо дар қитъаҳои мухталиф иттифоқчиён, шарикон, ҳамфикрони зиёде дорад. Инҳо давлатҳое ҳастанд, ки дар назди ба истилоҳ гегемон хам намешаванд. Сарварони онҳо хислати ҳақиқии мардона нишон медиҳанд ва хам намешаванд", - афзуд ӯ зимни суханронӣ дар ҳамоиши "Артиши-2022".
Вай тавзеҳ дод, ки ин давлатҳо роҳи соҳибихтиёру мустақили рушдро интихоб мекунанд, онҳо мехоҳанд, ки масъалаҳои амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавиро ба таври дастаҷамъона дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ, масъулияти мутақобила ва дар назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар ҳал кунанд.
"Ҳамин тавр (онҳо мехоҳанд) дар дифоъ аз ҷаҳони бисёрқутбӣ саҳм гузоранд", - афзуд президент.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии бузурги имсола аз 13 то 27 август дар 12 давлат баргузор мешавад. Дар байни онҳо Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Беларус, Венесуэла, Ветнам, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Русия ва Ӯзбекистон ҳастанд.
Бори аввал яке аз мусобиқаҳои бозӣ дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ баргузор мешавад - "Снайперский рубеж" ба Венесуэла бовар карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Бозиҳо якбора ташкили 36 мусобиқаи байналмилалӣ дар назар аст. Дастаҳои Нигерия ва Руанда бори аввал дар АРМИ 2022 ширкат мекунанд.