Роҳи оҳани боркашонии нав аз Чин ба Осиёи Марказӣ

© AP / Michael ProbstЖелезная дорога среди затопленной местности в Германии
Железная дорога среди затопленной местности в Германии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2022
Обуна шудан
Роҳи оҳани нави боркашонӣ аз музофоти шарқии Ҷянсуи Чин оғоз шуда, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мерасад. Ин роҳ тавассути Қазоқистон то Ӯзбакистон меравад
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Роҳи нави оҳани боркаш аз Чин ба Осиёи Марказӣ оғоз шуд хабар медихад нашрияи "Уси жибао".
Масири нави боркашонии роҳи оҳан аз шаҳри Вуси, музофоти Чянсуи шарқи Чин оғоз шуд ва аз тариқи Қазоқистон ба Ӯзбекистон мегузарад.
Макони ниҳоии қатор бо зиёда аз 1000 тонна бор, аз ҷумла асбобу анҷоми рӯзгор ва қисмҳои автомобилҳо бояд дар зарфи 20 рӯз ба ҷои таъиншуда расад.
Арзиши умумии бори аввал 4,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки қатораи боркаш аз бандари баҳрии Лянюнган (музофоти Ҷянсу, Чини Шарқӣ) мегузарад.
Фуры на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
"Давлати хуби транзитӣ” - стратегияи ҷадиди Тоҷикистон
Ба гуфтаи Ҳуан Ҳунлян, раиси Анҷумани корхонаҳои тиҷорати хориҷии музофоти Ҷиансу, масири нав аз интиқоли борҳои логистикӣ аз Лянюнган ба Осиёи Марказӣ бартарии комил дорад.
Маълум аст, ки терминали боркашонии Қазоқистон аз соли 2014 дар Лянюнган фаъолият мекунад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуда буд, ки Тоҷикистон стратегияи навро дар самти боркашонӣ таҳия кардааст, ки бар асоси он дар ояндаи наздик ҷумҳурӣ бояд мақоми давлати транзитӣ дошта бошад.
Ба гуфтаи вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, вазифаи асосии соҳа рушди инфрасохтори транзитӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0