https://sputnik.tj/20220815/putin-rusiya-hampaymonho-gegemon-1050732985.html
Путин гуфт, Русия омодааст, ба ҳампаймонҳояш навтарин силоҳҳоро диҳад
Путин гуфт, Русия омодааст, ба ҳампаймонҳояш навтарин силоҳҳоро диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳурои Русия мегӯяд, бисёр аз намунаҳои аслиҳаи руси назирашон дар хориҷ нест ва омода аст, ба ҳампаймонҳояш навтарин сохти онҳоро диҳад
2022-08-15T18:04+0500
2022-08-15T18:04+0500
2023-02-08T19:44+0500
владимир путин
артиш
сиёсат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1f/1050383578_0:0:2926:1646_1920x0_80_0_0_78bc20bf84450d66e3c4cd732f691c8c.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфтааст, ки Русия равобити қавӣ бо кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Осиё ва Африқоро қадр мекунад ва омода аст муттаҳидон ва шариконашро бо навъҳои муосиртарин силоҳ таъмин кунад. "Русия муносибатҳои таърихии қавӣ, дӯстона ва воқеан боэътимодро бо кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Осиё ва Африқо самимона қадр мекунад ва омода аст, ки навъҳои муосири аслиҳаро таъмин намояд", - гуфт, раисиҷумҳури Русия дар намоишгоҳи "Армия 2022".Ба гуфтаи Путин Русия метавонад ба шариконаш аз яроқу аслиҳаи сабук cap карда, то мошинҳои зиреҳпӯш, аслиҳаи тупхонаӣ, тайёраҳои ҳарбӣ ва дронҳои бесарнишинро пешниход кунад.Ба таъкиди ӯ, тақрибан ҳамаи навъҳои аслиҳаи Русия, ки барои содирот пешниҳод шудаанд, борҳо дар амалиёти воқеии ҷангӣ истифода шудаанд. Владимир Путин афзуд, ки бисёре аз намунаҳои аслиҳаи русӣ аз ҳамтоёни хориҷии худ даҳсолаҳо пеш гузаштаанд ва аз лиҳози хусусиятҳои тактикӣ ва фаннӣ хеле бартарӣ доранд.Ӯ гуфт, намунаҳо ва системаҳои ояндадори барои минбаъд нигаронида шудаанда, ояндаи қувваҳои мусаллаҳро муайян мекунанд, махсусан ҷолибанд.
https://sputnik.tj/20220815/putin-rusiya-hampaymonho-gegemon-1050733108.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1f/1050383578_307:0:2694:1790_1920x0_80_0_0_0340bfb168c33c7e8e6b28273e2ad062.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин русия ҳампаймон силоҳ
путин русия ҳампаймон силоҳ
Путин гуфт, Русия омодааст, ба ҳампаймонҳояш навтарин силоҳҳоро диҳад
18:04 15.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Раисҷумҳури Русия мегӯяд, омодааст, бисёре аз намунаҳои аслиҳаи русиеро, ки назирашон дар хориҷ нест, ба ҳампаймонҳояш диҳад
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфтааст, ки Русия равобити қавӣ бо кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Осиё ва Африқоро қадр мекунад ва омода аст муттаҳидон ва шариконашро бо навъҳои муосиртарин силоҳ таъмин кунад.
"Русия муносибатҳои таърихии қавӣ, дӯстона ва воқеан боэътимодро бо кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Осиё ва Африқо самимона қадр мекунад ва омода аст, ки навъҳои муосири аслиҳаро таъмин намояд", - гуфт, раисиҷумҳури Русия дар намоишгоҳи "Армия 2022".
Ба гуфтаи Путин Русия метавонад ба шариконаш аз яроқу аслиҳаи сабук cap карда, то мошинҳои зиреҳпӯш, аслиҳаи тупхонаӣ, тайёраҳои ҳарбӣ ва дронҳои бесарнишинро пешниход кунад.
Ба таъкиди ӯ, тақрибан ҳамаи навъҳои аслиҳаи Русия, ки барои содирот пешниҳод шудаанд, борҳо дар амалиёти воқеии ҷангӣ истифода шудаанд.
"Дар тамоми ҷаҳон онҳо дар байни мутахассисони ҳарбӣ барои эътимоднокӣ, сифат ва аз ҳама муҳим - самаранокии хуб баҳои балан гирифтаанд. Тақрибан ҳамаи онҳо борҳо дар амалиёти воқеии ҷангӣ истифода шудаанд”, - гуфт Путин.
Владимир Путин афзуд, ки бисёре аз намунаҳои аслиҳаи русӣ аз ҳамтоёни хориҷии худ даҳсолаҳо пеш гузаштаанд ва аз лиҳози хусусиятҳои тактикӣ ва фаннӣ хеле бартарӣ доранд.
Ӯ гуфт, намунаҳо ва системаҳои ояндадори барои минбаъд нигаронида шудаанда, ояндаи қувваҳои мусаллаҳро муайян мекунанд, махсусан ҷолибанд.