Фоҷиа дар Ҳисор: модар ва фарзандонаш зери чархи "Тойота Кэмрӣ" ҷон доданд

© hoffmann-tipsntrips / pixabayДетская игрушка возле дороги
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2022
Обуна шудан
Ноуҳдабароии ронандаи ҷавон боиси марги модар ва ду кӯдаки хурдсолаш дар шаҳри Ҳисор гардид. ВКД гуфт, қазияро таҳқиқ мекунад
ДУШАНБЕ, 15 авг – Sputnik. Давоми шабонарӯзи қаблӣ дар Тоҷикистон ду садамаи мудҳиши нақлиёти сабт гардидааст, ки дар пайи он панҷ тан ҳалок шудааст.
Ҳамин тариқ, дар пайи сонеҳаи мудҳиши нақлиётӣ дар роҳи Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор модаре бо ду фарзандаш ҳалок шудааст.
Садаи маргбор шаби 14 август, тахминан соати 23:30-дақиқа сар задааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин ҳодиса ронандаи автомашинаи тамғаи "Тойота Камри", Гулямов Меҳроҷиддини 24-сола сокини ноҳияи Рӯдакиро муттащам медонад.
Автомобильная авария - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2022
Бархурди се мошин: Садамаи маргбор дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”
Ба иттилои манбаъ, ӯ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Меҳробод бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, шаӽрванд Расулова Манижаи 27-сола, сокини шаҳри мазкурро бо ҳамроҳи фарзандони хурдсолаш, Хуҷаев Абдумуслими панысола ва Ҳуҷаев Абдуллои навзодро пахш кардааст.
"Мутаасифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш модар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ва фарзандони ноболиғаш дар беморхона ба ҳалокат расидаанд", - афзудааст манбаъ.
Вазорати корҳои дохилии кишвар мегӯяд, дар робита ба ин садама таҳқиқот идома дорад
Лентаи хабарҳо
0