https://sputnik.tj/20220510/bozdosht-zan-tojikdukhtaronro-tanfurushi-turkiya-1048326660.html
Боздошти зане, ки тоҷикдухтаронро барои танфурӯшӣ ба Туркия мефиристод
Боздошти зане, ки тоҷикдухтаронро барои танфурӯшӣ ба Туркия мефиристод
Sputnik Тоҷикистон
Се духтари тоҷик ба доми як ҷавондухтари дигар афтодаанд, ки нахуст онҳоро қарздор кардаву пасон барои танфурӯшӣ дар хориҷ маҷбӯр сохтааст
2022-05-10T10:08+0500
2022-05-10T10:08+0500
2022-05-11T15:50+0500
дар тоҷикистон
вкд
боздошт
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/86/1024378673_0:61:1504:907_1920x0_80_0_0_2ec3d23c6cbbc583a4a06d0f25bf51c6.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мая — Sputnik. Як ҷавондухтарро бо иттиҳоми фурӯши духтарони тоҷик дар хориҷ аз кишвар кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД-и Тоҷикистон боздошт кардаанд.Дастгиршуда истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода буда, 28 сол доштааст.Бино ба гузориши дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда бо мувофиқаи қаблӣ бо Юсуф ном шаҳрванди Туркия, мулаққаб ба Ато бо роҳи фиреб ба ҷавондухтарони тоҷик эътимод пайдо карда, ба онҳо ваъда додааст, ки дар Туркия кори фоидаовар ва маоши баланд пайдо мекунанд.Боздоштшуда занону духтаронро бо маоши баланд ва кори хуб фирефта намуда, аз моҳи октябри соли 2021 то январи 2022 се бор ба онҳо билети ҳавопаймои хатсайри Душанбе - Истанбул харида, ба Туркия фиристодааст.Дар Истанбул духтаронро шарики боздоштшуда Юсуф пешвоз гирифта, онҳоро ба шаҳри Ялова, воқеъ дар 90-километрии Истанбул бурда, аз онҳо талаб кардааст, ки пули барои онҳо сарфшударо пардохт кунанд ва онҳоро маҷбур ба танфурӯшӣ кардааст.Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҷавондухтари боздоштшуда бо ин роҳ аз 5 ҳазор то 6 ҳазор долларӣ аз ҳар духтари ба Туркия фиристодааш пул кор кардааст.Гуфта мешавад, Пркуратураи генералии Тоҷикистон дар робита ба ин қазия алайҳи дастгиршуда бо дастрасии моддаи 130, иловаи яки КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, ҳоло ӯ дар ҳабси пешакӣ аст.Маврид ба зикр аст, ки ин банди қонун аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220328/bibi-nabera-nobolig-furukht-1047121373.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/86/1024378673_108:0:1396:966_1920x0_80_0_0_33f8f4b3770c1e3a8a7f5a50631bba8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт муттаҳам духтарон танфурӯшӣ туркия
боздошт муттаҳам духтарон танфурӯшӣ туркия
Боздошти зане, ки тоҷикдухтаронро барои танфурӯшӣ ба Туркия мефиристод
10:08 10.05.2022 (Навсозишуда: 15:50 11.05.2022) Се духтари тоҷик ба доми як ҷавондухтари дигар афтодаанд, ки нахуст онҳоро қарздор кардаву баъдан барои танфурӯшӣ дар хориҷ маҷбурашон кардааст
ДУШАНБЕ, 10 мая — Sputnik. Як ҷавондухтарро бо иттиҳоми фурӯши духтарони тоҷик дар хориҷ аз кишвар кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД-и Тоҷикистон боздошт кардаанд.
Дастгиршуда истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода буда, 28 сол доштааст.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда бо мувофиқаи қаблӣ бо Юсуф ном шаҳрванди Туркия, мулаққаб ба Ато бо роҳи фиреб ба ҷавондухтарони тоҷик эътимод пайдо карда, ба онҳо ваъда додааст, ки дар Туркия кори фоидаовар ва маоши баланд пайдо мекунанд.
Боздоштшуда занону духтаронро бо маоши баланд ва кори хуб фирефта намуда, аз моҳи октябри соли 2021 то январи 2022 се бор ба онҳо билети ҳавопаймои хатсайри Душанбе - Истанбул харида, ба Туркия фиристодааст.
Дар Истанбул духтаронро шарики боздоштшуда Юсуф пешвоз гирифта, онҳоро ба шаҳри Ялова, воқеъ дар 90-километрии Истанбул бурда, аз онҳо талаб кардааст, ки пули барои онҳо сарфшударо пардохт кунанд ва онҳоро маҷбур ба танфурӯшӣ кардааст.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҷавондухтари боздоштшуда бо ин роҳ аз 5 ҳазор то 6 ҳазор долларӣ аз ҳар духтари ба Туркия фиристодааш пул кор кардааст.
Гуфта мешавад, Пркуратураи генералии Тоҷикистон дар робита ба ин қазия алайҳи дастгиршуда бо дастрасии моддаи 130, иловаи яки КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, ҳоло ӯ дар ҳабси пешакӣ аст.
Маврид ба зикр аст, ки ин банди қонун аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.