Аз Маскав ба Тула: тоҷикон дар раҳпаймоии якдилӣ бо ҚМ Русия иштирок мекунанд

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкУчастники автопробега "Огонь памяти" на Мамаевом кургане
Участники автопробега Огонь памяти на Мамаевом кургане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2022
Обуна шудан
Ин иқдом барои ҳимоят аз артиши Русия, ки дар амалиёти вижа дар Украина иштирок мекунанд, барои 15-умин бор аст, ки баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ҳудуди 50 мошин рӯзи 13 август ба роҳпаймоии ватандӯстона аз Маскав ба Тула бо нишони якдилӣ бо қувваҳои мусаллаҳи Русия баромаданд.
Миёни раҳпаймоён ҳамчунин як Шаҳрванди Тоҷикистон Фарҳод Арабов низ иштирок кард.
"Ба корвон чӣ тавр муносибат кардани одамони оддӣ бебаҳо аст: онҳо "сигнал" мезананд ва дар кӯчаҳо моро пешвоз мегиранд", - изҳор дошт Арабов.
Иштироккунандагони ин иқдом бо намоиши оддӣ мавқеи шаҳрвандии худро маҳдуд намекунанд: онҳо барои низомиёни артиши Русия армуғон ҷамъ мекунанд ва барои маҷрӯҳон дору мехаранд.
Муҳоҷирони тоҷик дар бозсозии Донбасс кумак мекунанд - видео
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Лентаи хабарҳо
0