https://sputnik.tj/20220813/dodgoh-vose-hukm-sokin-masti-rondan-moshin-elon-1050689123.html
Эълони ҳукми ду сокини Восеъ барои дар ҳолати мастӣ идора кардани мошин
Эълони ҳукми ду сокини Восеъ барои дар ҳолати мастӣ идора кардани мошин
Sputnik Тоҷикистон
Протоколе, ки тибқи моддаи 332 КҲМ нисбати сокинони 48 ва 50-солаи ноҳияи Восеъ тартиб дода шуд, то панҷ соли маҳрум шудан аз ҳаққи ронандагиро пешбинӣ мекунад
2022-08-13T15:28+0500
2022-08-13T15:28+0500
2022-08-16T18:45+0500
дар тоҷикистон
восеъ
вкд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳолати мастӣ
мошин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102171/37/1021713792_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_120cd3a2cbc5cf3851d056cb4c1158c5.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Восеъ, ҳукми ду сокини маҳаллӣ, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора мекарданд, эълон намудааст.Ин ду мард бо қарори суд ба муҳлати 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, ҳамчунин давоми панҷ соли охир аз ҳуқуқи идора кардани мошин маҳрум монданд.Аз боздошт ва маҳкум шудани сокинони ноҳияи Восеъ, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод.Ин ниҳод таъкид намуд, ки нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди ноҳияи Восеъ, ду сокини маҳаллиро дар ҳоле боздошт карданд, ки ҳар дуи онҳо дар ҳолати мастӣ мошин меронданд.Зимнан, нисбаташон тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳо тартиб дода шуд.Ҳамакнун, онҳо пас аз адои ҷазои маъмурӣ ба муҳлати панҷ соли охир ҳуқуқи идора кардани мошинро надоранд.Қонунгузории Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз 5 то 10 сол пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220327/sadama-margbor-peterburg-ayb-ronanda-tojik-1047109369.html
восеъ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102171/37/1021713792_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_74f66f25b7d855d0bb5dbca0e069bcde.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
восеъ мошин ронанда маст ҳукм вкд
восеъ мошин ронанда маст ҳукм вкд
Эълони ҳукми ду сокини Восеъ барои дар ҳолати мастӣ идора кардани мошин
15:28 13.08.2022 (Навсозишуда: 18:45 16.08.2022) Моддаи 332 КҲМ, ки тибқи он, алайҳи сокинони 48-у 50-солаи ноҳияи Восеъ протокол тартиб дода шуд, то панҷ соли маҳрум шудан аз ҳаққи ронандагиро пешбинӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Восеъ, ҳукми ду сокини маҳаллӣ, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора мекарданд, эълон намудааст.
Ин ду мард бо қарори суд ба муҳлати 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, ҳамчунин давоми панҷ соли охир аз ҳуқуқи идора кардани мошин маҳрум монданд.
Аз боздошт ва маҳкум шудани сокинони ноҳияи Восеъ, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод.
Ин ниҳод таъкид намуд, ки нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди ноҳияи Восеъ, ду сокини маҳаллиро дар ҳоле боздошт карданд, ки ҳар дуи онҳо дар ҳолати мастӣ мошин меронданд.
Зимнан, нисбаташон тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳо тартиб дода шуд.
Ҳамакнун, онҳо пас аз адои ҷазои маъмурӣ ба муҳлати панҷ соли охир ҳуқуқи идора кардани мошинро надоранд.
Қонунгузории Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз 5 то 10 сол пешбинӣ мекунад.