https://sputnik.tj/20220812/tojikiston-mavj-nav-vaksina-koronavirus-1050662307.html
Тоҷикистон мунтазири марҳалаи нави ваксиназанӣ алайҳи коронавирус аст
Тоҷикистон мунтазири марҳалаи нави ваксиназанӣ алайҳи коронавирус аст
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷумҳурӣ омодагиро ба реваксинатсияи нави шаҳрвандон оғоз кардаанд, то афзоиши эҳтимолии мавсимии гирифторшавӣ ба ковидро пешгирӣ кунад
2022-08-12T09:04+0500
2022-08-12T09:04+0500
2022-08-12T13:28+0500
дар тоҷикистон
ваксина
коронавирус
вазорати тандурустӣ
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/12/1040288836_0:0:3143:1768_1920x0_80_0_0_afd4eaa8ef68acffc295aabc3e5615e8.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тоҷикистон ба марҳилаи чоруми эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 омода мешавад. Тавре ба Sputnik Тоҷикистон маълум шуд, тасмим дар бораи эмкунӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар аллакай қабул шудааст. Дар ҳамин ҳол, то кунун дар бораи санаи дақиқи оғози эмгузаронии аҳолӣ хабар дода нашудааст. Ҳамин тавр, тайи ду моҳи охир дар кишварҳои ҳамсоя афзоиши шумораи гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар Тоҷикистон ягон мавриди ин беморӣ расман сабт нашудааст, аммо тадобири назорат дар марз пурзӯр шудааст. Ҳамаи онҳое, ки ба кишвар ворид мешаванд, аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Ёдовар мешавем, ки вояи аввали воксин аз коронавирусро дар Тоҷикистон 98,8 дарсади аҳолӣ гирифта шудааст. Маврид ба зикр аст, ки қаблан маълум шуда буд, олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ тавонистанд як доруеро ихтироъ кунанд, ки бояд дар мубориза бо коронавирус кӯмак кунад. Маълумоти муфассал дар бораи доруи ихтироъшуда пас аз гирифтани патент дода мешавад.Ҳоло фақат маълум аст, ки дору дар асоси гиёҳҳои куҳӣ, аз ҷумла аз гиёҳи ҷорубак тайёр карда мешавад.
https://sputnik.tj/20220729/tojikiston-jorubak-covid-19-doru-1050340918.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/12/1040288836_423:0:3143:2040_1920x0_80_0_0_18efe3ae61dffc4e3aa300739c9732c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ваксина коронавирус
тоҷикистон ваксина коронавирус
Тоҷикистон мунтазири марҳалаи нави ваксиназанӣ алайҳи коронавирус аст
09:04 12.08.2022 (Навсозишуда: 13:28 12.08.2022) Дар ҷумҳурӣ омодагиро ба реваксинатсияи нави шаҳрвандон оғоз кардаанд, то аз афзоиши эҳтимолии мавсимии гирифторшавӣ ба КОВИД пешгирӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тоҷикистон ба марҳилаи чоруми эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 омода мешавад.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон маълум шуд, тасмим дар бораи эмкунӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар аллакай қабул шудааст.
Дар ҳамин ҳол, то кунун дар бораи санаи дақиқи оғози эмгузаронии аҳолӣ хабар дода нашудааст.
Ҳамин тавр, тайи ду моҳи охир дар кишварҳои ҳамсоя афзоиши шумораи гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Дар Тоҷикистон ягон мавриди ин беморӣ расман сабт нашудааст, аммо тадобири назорат дар марз пурзӯр шудааст.
Ҳамаи онҳое, ки ба кишвар ворид мешаванд, аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.
Ёдовар мешавем, ки вояи аввали воксин аз коронавирусро дар Тоҷикистон 98,8 дарсади аҳолӣ гирифта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан маълум шуда буд, олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ тавонистанд як доруеро ихтироъ кунанд, ки бояд дар мубориза бо коронавирус кӯмак кунад.
Маълумоти муфассал дар бораи доруи ихтироъшуда пас аз гирифтани патент дода мешавад.
Ҳоло фақат маълум аст, ки дору дар асоси гиёҳҳои куҳӣ, аз ҷумла аз гиёҳи ҷорубак тайёр карда мешавад.