Раҳмон, мегӯяд таъсири буҳронҳои ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишвар давом дорад

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон таъкид кардааст, ки буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ ба иқтисоди Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонидааст
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон дар гуфтугӯ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд таъкид кард, суръати рушди иқтисодӣ кишвар каме суст шудааст.
Вай гуфт, ҳарчанд суръати рушди иқтисодӣ дар кишвар дар нимсолаи якуми соли 2022 дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин гардид, аммо ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ паст мебошад.
Кишвардори Тоҷикистон илова кард, ки буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархҳои ҷаҳонӣ ба аксари намудҳои молу маҳсулот, бахусус, маҳсулоти озуқаворӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонида истодааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Раҳмон вазъи иқтисодии кишварҳои шарики Тоҷикистонро ноустувор хонд
Вай ҳамчунин гуфт ба иқтисоди кишвар, паҳншавии бемориҳои сироятӣ низ таъсири манфӣ расонидааст.
Вобаста ба ин ба хотири таъмини рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ дар назди роҳбарону фаъолони вилояти Суғд вазифаҳои мушаххас гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини фаъолияти муназзаму устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ, идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда ва ҷалби сарчашмаҳои иловагии рушд дар назди роҳбарону масъулони вилоят вазифаҳои мушаххас гузошт.
Лентаи хабарҳо
0