https://sputnik.tj/20220729/rahmon-vazi-iqtisodi-shariki-tojikiston-noustuvor-1050346158.html
Раҳмон вазъи иқтисодии кишварҳои шарики Тоҷикистонро ноустувор хонд
Раҳмон вазъи иқтисодии кишварҳои шарики Тоҷикистонро ноустувор хонд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар аксари кишварҳои ҷаҳон маҳдуд намудани содироти маҳсулоти ниёзи аввал ва болоравии нархи озуқаворӣ мушоҳида мешавад
2022-07-29T14:50+0500
2022-07-29T14:50+0500
2022-07-29T14:50+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
раисҷумҳур
маҷлис
озуқаворӣ
иқтисод
ноустувор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1a/1047986465_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_d2704bbfcd7867c5db89238f9a5601ee.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар, ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор шуд гуфт, ки вобаста ба ҳолати мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон вазъи молиявию иқтисодии давлатҳои шарики тиҷоратии Тоҷикистон хеле ноустувор гардидааст.“Дар аксари кишварҳои ҷаҳон захира кардани маводи ғизоӣ, манъ ё маҳдуд намудани содироти маҳсулоти ниёзи аввал, ҳолатҳои камчинӣ ва болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ ба мушоҳида мерасанд, ки чунин вазъ ба бозори истеъмолии Тоҷикистон низ таъсир расонида истодааст”, - афзуд кишвардори Тоҷикистон.Дар ҳамин ҳол президенти кишвар ба ниҳодҳои дахлдор супориш дод, ки бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи сӯзишворӣ ва озуқаворӣ дар бозори дохилӣ барои таъмин намудани талаботи аҳолии кишвар бо ин намудҳои маҳсулот чораҳои мушаххас андешанд.Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ин маҷлис ба ниҳодҳои давлатӣ супориш дод, ки вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти сӯзишвории воридотиро кам кунанд.Роҳбари кишвар зикр кард, ки бо мақсади кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти сӯзишвории воридотӣ ва татбиқи принсипҳои “иқтисоди сабз” зарур аст, ки дар кишвар ҷараёни гузариш ба воситаҳои нақлиёти барқӣ, яъне электромобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт бо истифода аз манбаъҳои алтернативии энергия, аз ҷумла гази моеъ вусъат дода шавад.
https://sputnik.tj/20220729/istehsoli-ord-kohish-raisjumhur-tojikiston-1050339365.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1a/1047986465_129:0:1946:1363_1920x0_80_0_0_93ba62e89b0ac80f71a8102a36079829.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, вазъ, мураккаб, иқтисод, ноустувор, болоравии нархи озуқаворӣ
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, вазъ, мураккаб, иқтисод, ноустувор, болоравии нархи озуқаворӣ
Раҳмон вазъи иқтисодии кишварҳои шарики Тоҷикистонро ноустувор хонд
Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар аксари кишварҳои ҷаҳон маҳдуд намудани содироти маҳсулоти ниёзи аввал ва болоравии нархи озуқаворӣ мушоҳида мешавад
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар, ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор шуд гуфт, ки вобаста ба ҳолати мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон вазъи молиявию иқтисодии давлатҳои шарики тиҷоратии Тоҷикистон хеле ноустувор гардидааст.
“Дар аксари кишварҳои ҷаҳон захира кардани маводи ғизоӣ, манъ ё маҳдуд намудани содироти маҳсулоти ниёзи аввал, ҳолатҳои камчинӣ ва болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ ба мушоҳида мерасанд, ки чунин вазъ ба бозори истеъмолии Тоҷикистон низ таъсир расонида истодааст”, - афзуд кишвардори Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол президенти кишвар ба ниҳодҳои дахлдор супориш дод, ки бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи сӯзишворӣ ва озуқаворӣ дар бозори дохилӣ барои таъмин намудани талаботи аҳолии кишвар бо ин намудҳои маҳсулот чораҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ин маҷлис ба ниҳодҳои давлатӣ супориш дод, ки вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти сӯзишвории воридотиро кам кунанд.
Роҳбари кишвар зикр кард, ки бо мақсади кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти сӯзишвории воридотӣ ва татбиқи принсипҳои “иқтисоди сабз” зарур аст, ки дар кишвар ҷараёни гузариш ба воситаҳои нақлиёти барқӣ, яъне электромобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт бо истифода аз манбаъҳои алтернативии энергия, аз ҷумла гази моеъ вусъат дода шавад.