Мунтазири муҳоҷиронанд: дар бахши хоҷагии манзилию коммуналии Русия коргар намерасад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкСотрудники коммунальных служб
Сотрудники коммунальных служб  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Обуна шудан
Вазорати сохтмони Русия тавзеҳ дод, ки дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ коргарон намерасанд ва ин камбуд 200 ҳазор нафар тахмин зада мешавад
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Русия садҳо ҳазор коргар намерасад, хабар медиҳад РИА Недвижимост.
Ба гуфтаи Алексей Ереско, муовини вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Русия, имрӯз камбуди коргарон ҳудуди 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

"Мутаассифона, ин бештар ба он вобаста аст, ки эътибори соҳа ба он дараҷае нест, ки мо мехоҳем", - гуфт манбаъ.

Намояндагони вазорат дар марҳалаи мазкур кушиш доранд, ки бо ёрии муассисаҳои таълимӣ соҳаро оммавӣ гардонда, ба он кадрҳои навро чалб намоянд.
Ереско қайд кард, ки дар баробари тараққӣ кардани механизатсия ҳатто касбу ҳунари тамизкорон ҳам камаҳамият нест.
Пассажир с багажом в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Шаҳри беҳтарин барои муҳоҷирон дар Русия гуфта шуд: кадом аст?
"Дар бораи самтҳои мураккабтар сухан нагӯем ва ин ҳам ҳангоми ҷалби мутахассисон бояд ба назар гирифта шавад", - қайд кард мансабдор.
Бинобар ин, ба гуфтаи Ереско, намояндагони ин бахш бо муассисаҳои таълимӣ робита карда, кӯшиш мекунанд, ки соҳаро оммавӣ гардонанд ва ба он кадрҳои нав ҷалб кунанд.
Дар мавриди ҷалби захираҳо аз муҳоҷирони корӣ, ба гуфтаи муовини вазир, "вобастагии соҳа аз муҳоҷирон" дар ҳама ҷо гуногун аст.
"Дар шаҳрҳои калон, он аз рӯи анъана баланд аст ва дар минтақаҳо - баръакс", - афзуд Алексей Ереско.
Лентаи хабарҳо
0