https://sputnik.tj/20220808/shahr-behtarin-muhojiron-rusiya-1050555865.html
Шаҳри беҳтарин барои муҳоҷирон дар Русия гуфта шуд: кадом аст?
Шаҳри беҳтарин барои муҳоҷирон дар Русия гуфта шуд: кадом аст?
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносон ҷолибтарин минтақа барои муҳоҷирони меҳнатиро муайян карданд, ки аз аввали семоҳаи дуюми соли 2022 дар он 1,24 миллион нафар меҳмонон ҷойгир шудаанд
2022-08-08T11:23+0500
2022-08-08T11:23+0500
2023-02-08T19:44+0500
муҳоҷирони корӣ
дар тоҷикистон
ом
иҷтимоъ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/08/1050554829_0:160:3075:1889_1920x0_80_0_0_a5450ce9f2c1d3f76729421ad3da8e0d.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Маскав ва вилояти Маскав ҷолибтарин минтақаҳои Федератсияи Русия барои муҳоҷирони корӣ дониста шуданд. Маҳз дар ин минтақа дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ 1 миллиону 240 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷойгир шудаанд.Тибқи маълумоти шабакаи аудит ва машваратии FinExpertiza, тақрибан 40% ҳамаи хориҷиёне, ки ба Русия омадаанд, Маскав ва вилояти Маскавро барои кор интихоб кардаанд. Илова бар ин, тибқи пажӯҳиш, як бахши қобили мулоҳизаи нерӯи кори хориҷӣ дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград сабти ном шудааст. Ин тақрибан 385,7 ҳазор нафар ё 12,4%-и ҳамаи муҳоҷиронро ташкил медиҳад. Ҷои сеюм аз ҳама маъмул ва ҷолибтарин кишвари Краснодар будааст, ки ба он 86,2 ҳазор нафар ё 2,8% омадаанд. Ба шумораи минтақаҳое, ки захираҳои зиёди меҳнатиро аз кишварҳои ҳамсоя ҷалб мекунанд, инчунин шаш минтақаи дигар шомил мешавад:Приморе (57,4ҳазор нафар, ё 1,8%); р ё 2,2%); Вилояти Свердловск (69,3 хазор нафар ё 2,2%); Приморе (57,4 ҳазор нафар, ё 1,8%); Вилояти Амур (54 ҳазор нафар ё 1,7%); Вилояти Самара (51,8 ҳазор нафар ё 1,7%); Кишвари Красноярск (50,6 ҳазор нафар, ё 1,6%). Таҳлилгарон ҳамчунин мегӯянд, ки ҳудуди 1 миллион муҳоҷири корӣ ба манотиқи дигари Русия пароканда шудаанд. Дар семоҳаи дуюм дар маҷмӯъ 3 миллиону 120 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ барои кор ба Русия омадаанд, ки нисбат ба соли 2021 сеяк баробар зиёд аст. Ин рақами нав ҳадди аққал дар шаш соли охир нишондиҳандаи рекордии семоҳа буд.
https://sputnik.tj/20220711/talosh-tashkil-bozor-mehnat-idm-1049918855.html
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/08/1050554829_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_b92eb1e0805db789148cb78b8c34592b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳр беҳтарин муҳоҷирон русия
шаҳр беҳтарин муҳоҷирон русия
Шаҳри беҳтарин барои муҳоҷирон дар Русия гуфта шуд: кадом аст?
11:23 08.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Коршиносон ҷолибтарин минтақа барои муҳоҷирони меҳнатиро муайян карданд, ки аз аввали семоҳаи дуюми соли 2022 дар он 1,24 миллион нафар меҳмон ҷойгир шудааст
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Маскав ва вилояти Маскав ҷолибтарин минтақаҳои Федератсияи Русия барои муҳоҷирони корӣ дониста шуданд. Маҳз дар ин минтақа дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ 1 миллиону 240 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷойгир шудаанд.
Тибқи маълумоти шабакаи аудит ва машваратии FinExpertiza, тақрибан 40% ҳамаи хориҷиёне, ки ба Русия омадаанд, Маскав ва вилояти Маскавро барои кор интихоб кардаанд.
Илова бар ин, тибқи пажӯҳиш, як бахши қобили мулоҳизаи нерӯи кори хориҷӣ дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград сабти ном шудааст. Ин тақрибан 385,7 ҳазор нафар ё 12,4%-и ҳамаи муҳоҷиронро ташкил медиҳад.
Ҷои сеюм аз ҳама маъмул ва ҷолибтарин кишвари Краснодар будааст, ки ба он 86,2 ҳазор нафар ё 2,8% омадаанд.
Ба шумораи минтақаҳое, ки захираҳои зиёди меҳнатиро аз кишварҳои ҳамсоя ҷалб мекунанд, инчунин шаш минтақаи дигар шомил мешавад:
Приморе (57,4ҳазор нафар, ё 1,8%); р ё 2,2%);
Вилояти Свердловск (69,3 хазор нафар ё 2,2%);
Приморе (57,4 ҳазор нафар, ё 1,8%);
Вилояти Амур (54 ҳазор нафар ё 1,7%);
Вилояти Самара (51,8 ҳазор нафар ё 1,7%);
Кишвари Красноярск (50,6 ҳазор нафар, ё 1,6%).
Таҳлилгарон ҳамчунин мегӯянд, ки ҳудуди 1 миллион муҳоҷири корӣ ба манотиқи дигари Русия пароканда шудаанд.
Дар семоҳаи дуюм дар маҷмӯъ 3 миллиону 120 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ барои кор ба Русия омадаанд, ки нисбат ба соли 2021 сеяк баробар зиёд аст. Ин рақами нав ҳадди аққал дар шаш соли охир нишондиҳандаи рекордии семоҳа буд.