Медведев: Киев мехоҳад аз Запороже Чернобил бисозад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонк Заместитель председателя Совета безопасности России Дмитрий Медведев
 Заместитель председателя Совета безопасности России Дмитрий Медведев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки режими Киев мехоҳад бо аъмоли худ дар Запороже ҳодисаи Чернобилро такрор кунад
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Киев талош дорад, бо ҳамалот болои нерӯгоҳи атомии Запороже Чернобили дигар созад, навиштааст муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар Telegram-каналаш.
“Ба назар мерасад, ки бадхоҳон дар Киев ва ҷонибдорони ғарбии онҳо омодаи ташкили Чернобил нав ҳастанд. Ракетаҳо ва снарядҳо ба реактори нерӯгоҳи атомии Запорожье ва анбори изотопҳои радиоактивӣ наздик мешаванд",- гуфтааст Медведев.
Медведев афзуд, иддаои мақомоти Украина, ки ин ҳамлаҳоро артиши Русия анҷом додааст ва ё тасодуф будааст, дурӯғ аст.
"Ин 100% сафсата аст, ҳатто барои мардуми аблаҳи алайҳи Русия, ҳатто СММ ба ин бовар намекунад",- таъкид кардааст Сиёсатмадор.
Ӯ гуфтааст, ки аз шоми гузашта ба ин сӯ нирӯҳои украинӣ дар наздикии нерӯгоҳи атомии Запороже бо силоҳҳои ғарбӣ тирандозӣ мекунанд.
Запорожская АЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Небензия: Киев ҷаҳонро ба фалокати ҳастаӣ мебарад
"Набояд фаромӯш кард, ки дар Иттиҳодияи Аврупо нерӯгоҳҳои ҳастаӣ вуҷуд доранд. Дар он ҷо низ садамаҳо имконпазиранд", - навиштааст ӯ.
Қаблан Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ ҳушдор дода буд, ки дар сурати берун рафтани артиши Русия аз нерӯгоҳи атомии Запороже Киев "иғвоҳои даҳшатбор" ташкил хоҳад кард.
Дипломат қайд кард, ки ҳоло низомиёни рус тамоми чораҳоро ба харҷ медиҳанд, то дар фалокат ҷилавгирӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0