Ноболиғ зери чархи "Мерседес-Бенс" ҷон дод: садама дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

© Sputnik / Табылды КадырбековДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2022
Обуна шудан
Дар пайи ноуҳдабароии ронандае дар шимоли Тоҷикистон ноболиғе зери мошин монду ҷон дод. Мақомот ҳоло ҳодисаро таҳқиқ доранд
ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Садами мудҳиши нақлиётие дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боиси марги мактабхоне шуд.
Ноуҳдабароии ронандаи худрави "Мерседес-Бенс" дар ҳудуди ноҳияи боиси марги писари 13-сола шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилӣ.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 10-уми август, соати 11:45 дақиқа рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Даево-сиело”, Маҳмадшоев Маҳмадзоиршои 38-сола, сокини ноҳияи Тоҷикобод, ҳангоми харакат дар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард, Абдуғаффорзода Ҳабибуллои 33-соларо пахш намудааст.
Автомобильная авария - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2022
Бархурди се мошин: Садамаи маргбор дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”
Ин ниҳод мегӯяд, ронандаи нақлиёт Ҷамшедзода Ёқуб Ҷамшеди 30-сола сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Хуҷанд-Ғафуров", дар ҳудуди ҷамоти деҳоти Унҷи, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Абдураҳимов Абубакр, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.
"Дар натиҷа ноболиғ Абдураҳимов Абубакр. ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.
ВУД мегӯяд, дар бораи ҳодисаҳо рухдода таҳқиқот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран ин ниҳод аз марги як духтарчаи 10-сола зимни садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён хабар дода буд.
Ин ниҳод гуфт, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла”, Усмоналиев Манучеҳри 26-соал, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба Вахш, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Баҳромзода Ҳодисаи Зоиршоҳро пахш мекунад.
Ин ноболиғ низ бар асари ҷароҳат дар беморхона ҷон медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0