Нахустин намоиши маҳсулоти Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Central Asian Fashion”

© Пресс-служба Президента УзбекистанаТаджикские товары на выставке в Республике Узбекистан
Таджикские товары на выставке в Республике Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2022
Обуна шудан
Дар намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистонро маҳсулоти панҷ корхонаи дӯзандагии ватанӣ, ки аз либоси мардонаву занона ва ғайраҳо иборатанд, муаррифӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Тоҷикистон бори нахуст маҳсулоти нассоҷии худро дар 30-умин Намоишгоҳи байналмилалии мӯди “Central Asian Fashion”, ки дар Алмато оғоз шуд, ба намоиш мегузорад.
Намоишгоҳи мазкур то 12 август идома ёфта, ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин дар вохӯриҳои b2b бо ҳадафи барқарор кардани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва тавсеаи имконияти ҳамкорӣ иштирок мекунад, иттилоъ додааст Маркази тиҷорати байналмилалӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, дар намоишгоҳи “Central Asian Fashion” гӯшаи Тоҷикистонро маҳсулоти панҷ корхонаи дӯзандагии ватанӣ – “Гулистони Душанбе”, “ТоҷТекс”, “Ортекс”-у “Раҳимов А.А.” ва “Ноҳид” (Истаравшан), ки аз либоси мардонаву занона ва кӯдакона, трикотаж, либоси таҳпӯш, либоси варзишӣ ва либосҳои гуногуни корӣ иборатанд, муаррифӣ мекунанд.
Панҷ корхонаи дигар, назири “Гулдастон” ва “Сифат Саноат” аз Душанбе, “Нассоҷи Хуҷанд” аз Хуҷанд, “КОТА Глобал” аз Бохтар ва ҳамкори нави МТБ – “Ботур” аз Конибодом ба ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳ барои шиносоӣ бо бозори нассоҷиву дӯзандагии Қазоқистон шомиланд.
Здание администрации города Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2022
Баргузории Форуми байналмилалии “Помир инвест-2022” дар шаҳри Хоруғ
Ёдовар мешавем, ки “Central Asia Fashion” яке аз куҳантарин намоишгоҳҳои мӯд дар Осиёи Марказӣ буда, дар як сол ду бор баргузор мешавад.
Ин намоишгоҳ ба ҳайси пойгоҳи муҳиме барои барқарории тамосҳои тиҷоратӣ, имконияти хубе барои тарғибу муаррифии маҳсулот ва намоиши он ба тамошобинони касбӣ аз тамоми минтақа шинохта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0