Баргузории Форуми байналмилалии “Помир инвест-2022” дар шаҳри Хоруғ

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание администрации города Хорог, архивное фото
Здание администрации города Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2022
Обуна шудан
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки сармоягузорони дохиливу хориҷӣ Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир инвест-2022” баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Рӯзҳои ки 17-18 августи соли равон дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир Инвест-2022” баргузор карда мешавад, иттилоъ додааст мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ин иқдом дар доираи сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Тоҷикистон доир шуда, дар он лоиҳаҳои бахшҳои саноати сабук ва кӯҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳангӣ муаррифӣ гардида, заминаи хубро барои сармоягузориҳои нав хоҳанд гузошт.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Алишер Мирзонабот: Марҳилаи нави рушди Бадахшон оғоз шуд
Мақсад аз баргузории ин ҳамоиш ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо минтақаҳои ҳамсоя ва мамолики дуру наздик, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятноки вилоят мебошад.
Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир Инвест” майдони доимоамалкунандаи корӣ барои муҳокимаи масъалаҳо вобаста ба мушкилоти ҷалб ва истифодаи самараноки сармояҳо, ташкил ва ба роҳ мондани робита миёни соҳибкорон ва сармоягузорон ба ҳисоб рафта, он барои ба таҳия ва пиёдасозии тиҷорат – нақшаҳо ва барномаҳои сармоявӣ заминаи мусоидро фароҳам месозад.
Лентаи хабарҳо
0