https://sputnik.tj/20220810/iftitohi-konuslgari-tojikiston-batumiii-gurjiston-1050608857.html
Ифтитоҳи конуслгарии Тоҷикистон дар Батумиии Гурҷистон
Ифтитоҳи конуслгарии Тоҷикистон дар Батумиии Гурҷистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ахиран аз ифтитоҳи консулгарии фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Батумии Ҷумҳурии Мухтори Адҷария хабар дод
2022-08-10T09:40+0500
2022-08-10T09:40+0500
2022-08-10T12:58+0500
дар тоҷикистон
гурҷистон
батуми
ифтитоҳ
консулгарӣ
вазорати хориҷаи тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102365/55/1023655553_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_5463b1a6614287f10c5fd7f5ccd52739.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Дар шаҳри Батуми бахшида ба 28-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон маросими ифтитоҳи дафтари Консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Батумии Ҷумҳурии Мухтори Адҷария баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати хориҷа.Тибқи иттилои манбаъ, раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Торнике Рижвадзе ба ҷониби Тоҷикистон барои тасмими ифтитоҳи Консулгарии фахрӣ дар Батуми изҳори сипос намуд.Вай таъкид кардааст, ки ниҳод дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди сайёҳӣ ва табодули фарҳангӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон 4 августи соли 1994 бо имзои Протокол "Дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ ва дар бораи мубодилаи намояндагиҳои дипломатӣ дар сатҳи сафоратҳо" гузошта шуданд.Заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Гурҷистон бар пояи се ҳуҷҷати дуҷониба, Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ва ду созишномаи байниидоравӣ оид ба ҳисоббаробаркунии байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон асос меёбад. Дар ҳоли ҳозир дар баррасии ҷонибҳо зиёда аз 15 лоиҳаи санадҳои дуҷониба қарор доранд.Соли 2021 бо мақсади тақвият ва шиносоӣ бо имкониятҳои нақлиётӣ транзитии Гурҷистон сафари кории Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба Гурҷистон сурат гирифт, ки дар рафти он Созишнома оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20220402/kinostudiya-kishvarho-idm-gurjiston-majmua-tiloi-film-1047291198.html
гурҷистон
батуми
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102365/55/1023655553_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_8657af9c4bca7efca4115cbc9433936a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, гурҷистон, батуми, ифтитоҳ, консулгарӣ, вазорати хориҷа
тоҷикистон, гурҷистон, батуми, ифтитоҳ, консулгарӣ, вазорати хориҷа
Ифтитоҳи конуслгарии Тоҷикистон дар Батумиии Гурҷистон
09:40 10.08.2022 (Навсозишуда: 12:58 10.08.2022) Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ахиран аз ифтитоҳи консулгарии фахрии кишвар дар шаҳри Батумии Ҷумҳурии Мухтори Адҷария хабар дод
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Дар шаҳри Батуми бахшида ба 28-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон маросими ифтитоҳи дафтари Консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Батумии Ҷумҳурии Мухтори Адҷария баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати хориҷа.
Тибқи иттилои манбаъ, раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Торнике Рижвадзе ба ҷониби Тоҷикистон барои тасмими ифтитоҳи Консулгарии фахрӣ дар Батуми изҳори сипос намуд.
Вай таъкид кардааст, ки ниҳод дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди сайёҳӣ ва табодули фарҳангӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон 4 августи соли 1994 бо имзои Протокол "Дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ ва дар бораи мубодилаи намояндагиҳои дипломатӣ дар сатҳи сафоратҳо" гузошта шуданд.
Заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Гурҷистон бар пояи се ҳуҷҷати дуҷониба, Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ва ду созишномаи байниидоравӣ оид ба ҳисоббаробаркунии байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон асос меёбад. Дар ҳоли ҳозир дар баррасии ҷонибҳо зиёда аз 15 лоиҳаи санадҳои дуҷониба қарор доранд.
Соли 2021 бо мақсади тақвият ва шиносоӣ бо имкониятҳои нақлиётӣ транзитии Гурҷистон сафари кории Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба Гурҷистон сурат гирифт, ки дар рафти он Созишнома оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон ба имзо расид.