Киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон маҷмуаи ягонаи тилоии филмҳоро эҷод мекунанд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗрители в кинотеатре, архивное фото
Зрители в кинотеатре, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Обуна шудан
Пешбинӣ шудааст, ки робитаҳои пешини байни студияҳои кишварҳо барқарор карда шаванд
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ассотсиатсияи байналмилалии эҷодии киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи ягонаи тилоии филмҳои худро эҷод кунад.
Дар ин бора дафтари матбуоитии Оҷонсии филмбардории Ӯзбекистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки рӯзи 1 апрел дар Душанбе ҷаласаи IV Шӯрои мудирони киностудияи кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи синамо баргузор шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои он қарор қабул шуд, ки ниҳоде созмон диҳад.
Фирдавс Абдухолиқов, директори генералии Оҷонсии филмбардории Ӯзбекистон раиси ин иттиҳодия интихоб шуд.

"Аъзои созмон ба созиш расиданд, ки маҷмуаи ягонаи тилоии филмҳо аз кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон ва дубляж бо забонҳои ҷаҳониро таҳия кунанд", - омадааст дар хабари шабакаи телевизионии оҷонсӣ.

Масъалаҳои таблиғ ва паҳн кардани осори аъзои иттиҳодия дар фазои синамои ҷаҳонӣ низ баррасӣ шуданд.
Ба гурӯҳи кории таъсисдода супориш дода шуд, ки оиннома ва сохтори ассотсиатсияро ташаккул дода, пас аз он ҳуҷҷатҳо тибқи тартиби муқарраршуда бо мақомоти давлатии аъзои ин созмони нав мувофиқа карда шаванд.
Красная дорожка на кинофестивале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
"Оскар" ба Тоҷикистон меравад: дар кишвар ҷоизаи миллии синамо таъсис ёфт
"Имрӯз мо бояд алоқаҳоеро, ки дар байни студияҳои ҷумҳуриҳо буданд, барқарор кунем, ҳамкорӣ кунем, мавзуъҳои умумиро барои истеҳсоли филмҳо пайдо кунем, гуфт дар баромади худ директори генералии киноконсерни "Мосфилм" Карен Шахназаров.
Директори генералии "Тоҷикфилм" Маҳмадсаид Шоҳиён дар навбати худ гуфт, сохтори нав тамоюли истисноии эҷодӣ ва истеҳсолӣ хоҳад дошт, қайд мекунанд агентӣ.
"Мо созмони сиёсӣ ва дунболи ақидаҳои сиёсӣ нестем. Барои мо муҳим аст, ки муттаҳид шавем, ҳамчун василаи рушди санъати синамои кишварҳоямон", - афзуд Шоҳиён.
Лентаи хабарҳо
0