https://sputnik.tj/20220705/alisher-mirzonabot-marhilai-navi-rushdi-badakhshon-1049770984.html
Алишер Мирзонабот: Марҳилаи нави рушди Бадахшон оғоз шуд
Алишер Мирзонабот: Марҳилаи нави рушди Бадахшон оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тайи як ҷаласае дар ҷамъи мақомоти мухталифи ин вилоят эълон кардааст, ки марҳилаи нави рушди Бадахшон оғоз шуд
2022-07-05T20:50+0500
2022-07-05T20:50+0500
2022-07-05T20:50+0500
дар тоҷикистон
ширин амонзода
вмкб
рушд
бадахшон
иҷтимоъ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/05/1049770744_0:213:2048:1365_1920x0_80_0_0_b49bcc71c3d1355579daf7d0ff385b44.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар ин бора Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мулоқот бо Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ гуфтааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат.Дар ҳамин ҳол, Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз қабули Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ёдовар шуда, моҳият ва механизми татбиқи ин ҳуҷҷати муҳимро ба ҳозирин баён дошт.Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, раисони ноҳияҳои ВМКБ ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таклиф ва пешниҳодҳои худро барои мусоидат ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолӣ, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар рақобатпазир, сафарбаркунӣ барои фаъолияти меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, мубодилаи таҷриба байни минтақаҳои ҷумҳурӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсул манзур намуданд.Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, пешниҳодҳои мақомоти шаҳру ноҳияҳои ВМКБ-ро пурра омухта, ҳар кадоми онро дар алоҳидагӣ барои дастгирӣ ба шарикони рушд пешниҳод намояд.Масъулини вазорати меҳнат зикр карданд, ки зимни таҳияи Барномаи минтақавии шуғли пурмаҳсул дар ВМКБ бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофии вилоят ба инобат гирифта мешаванд.
https://sputnik.tj/20220625/dastur-prezident-vazir-vmkb-1049499068.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/05/1049770744_118:0:1938:1365_1920x0_80_0_0_b95a9806ecafc9de4653c0a86d53feac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бадахшон, вмкб, алишер мирзонабот, марҳила, рушд, минтақа, мақомот, ширин амонзода
тоҷикистон, бадахшон, вмкб, алишер мирзонабот, марҳила, рушд, минтақа, мақомот, ширин амонзода
Алишер Мирзонабот: Марҳилаи нави рушди Бадахшон оғоз шуд
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тайи як ҷаласае дар ҷамъи мақомоти мухталифи ин вилоят эълон кардааст, ки марҳилаи нави рушди Бадахшон оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар ин бора Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мулоқот бо Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ гуфтааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат.
“Марҳилаи нави рушди Бадахшон оғоз шуда, сохтмони роҳҳову хонаҳои баландошёна, коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва дигар иншооти таъиноти гуногун ба таъсиси ҷойҳои кори нав мусоидат менамоянд”, - таъкид кардааст Алишер Мирзонабот.
Дар ҳамин ҳол, Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз қабули Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ёдовар шуда, моҳият ва механизми татбиқи ин ҳуҷҷати муҳимро ба ҳозирин баён дошт.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, раисони ноҳияҳои ВМКБ ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таклиф ва пешниҳодҳои худро барои мусоидат ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолӣ, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар рақобатпазир, сафарбаркунӣ барои фаъолияти меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, мубодилаи таҷриба байни минтақаҳои ҷумҳурӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсул манзур намуданд.
Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, пешниҳодҳои мақомоти шаҳру ноҳияҳои ВМКБ-ро пурра омухта, ҳар кадоми онро дар алоҳидагӣ барои дастгирӣ ба шарикони рушд пешниҳод намояд.
Масъулини вазорати меҳнат зикр карданд, ки зимни таҳияи Барномаи минтақавии шуғли пурмаҳсул дар ВМКБ бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофии вилоят ба инобат гирифта мешаванд.