https://sputnik.tj/20220809/vazorat-difo-tojikiston-uzbekiston-shartnomai-muhim-1050595855.html
Вазоратҳои дифои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шартномаи муҳим имзо карданд
Вазоратҳои дифои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шартномаи муҳим имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
РАҳбарони вазоратҳои дифои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дидору гуфтугӯ карда, дар натиҷаи он санади ҷадидеро, ки марбут ба таҳсилоти низомиён аст, имзо карданд
2022-08-09T16:00+0500
2022-08-09T16:00+0500
2022-08-09T19:24+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
шартномаи ҳамкорӣ
имзо
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/09/1050594372_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_cc101f346817bdba0b4171ee5901deb2.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи ташкили таълими кадрҳои низомии тоҷик дар макотиби олии низомии Ӯзбекистон қарордод имзо карданд.Дар ин бора баъд аз мулоқоти раҳбарони вазоратҳои дифои ду кишвар маълум шуд, хабар медиҳад Вазорати дифои Ӯзбекистон. Ҳамин тариқ, вазири дифои Ӯзбекистон генерал-лейтенант Баҳодир Қурбонов ҳайати низомии Тоҷикистонро таҳти сарварии вазири дифоъ генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба ҳузур пазируфт. Дар натиҷаи гуфтушунид шартномаи иловагӣ миёни ниҳодҳои низомии кишварҳо ба имзо расид.Он имкони таҳсил дар муассисаҳои олии низомии Ӯзбекистонро барои ҳамаи низомиёни хоҳишманди Тоҷикистон пешбинӣ мекунад. Зимни пазироӣ Қурбонов ба сатҳи равобити дӯстона миёни кишварҳо таъкид карда, изҳори итминон кард, ки дар оянда миқёси онҳо густариш хоҳад ёфт. Зимнан зикр гардид, ки масъалаҳои ҳамкорӣ на танҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, балки дар соҳаи мудофиа ва амният низ таҳким ёфтаанд ва хоҳанд ёфт.Ёдовар мешавем, ки ахиран дар тамрингоҳи низомии Тирмиз размоиши муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони “Иттиҳод – 2022” доир шуд.Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки баргузории ин машқҳои муштараки дӯстона миёни нерӯҳои мусаллаҳ ба таҳкими равобити дӯстии кишварҳо мусоидат мекунад.
https://sputnik.tj/20220805/tojikiston-uzbekiston-marz-afghoniston-tamrinot-nizomi-1050510557.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/09/1050594372_136:0:1167:773_1920x0_80_0_0_7a78abdc5ffa9cf18cf2116987a33d58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорат дифо тоҷикистон ӯзбекистон шартнома имзо
вазорат дифо тоҷикистон ӯзбекистон шартнома имзо
Вазоратҳои дифои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шартномаи муҳим имзо карданд
16:00 09.08.2022 (Навсозишуда: 19:24 09.08.2022) Раҳбарони вазоратҳои дифои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дидору гуфтугӯ карда, дар натиҷаи он санади ҷадидеро, ки марбут ба таҳсили низомиён аст, имзо карданд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи ташкили таълими кадрҳои низомии тоҷик дар макотиби олии низомии Ӯзбекистон қарордод имзо карданд.
Дар ин бора баъд аз мулоқоти раҳбарони вазоратҳои дифои ду кишвар маълум шуд, хабар медиҳад Вазорати дифои Ӯзбекистон.
Ҳамин тариқ, вазири дифои Ӯзбекистон генерал-лейтенант Баҳодир Қурбонов ҳайати низомии Тоҷикистонро таҳти сарварии вазири дифоъ генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба ҳузур пазируфт.
Дар натиҷаи гуфтушунид шартномаи иловагӣ миёни ниҳодҳои низомии кишварҳо ба имзо расид.
Он имкони таҳсил дар муассисаҳои олии низомии Ӯзбекистонро барои ҳамаи низомиёни хоҳишманди Тоҷикистон пешбинӣ мекунад.
Зимни пазироӣ Қурбонов ба сатҳи равобити дӯстона миёни кишварҳо таъкид карда, изҳори итминон кард, ки дар оянда миқёси онҳо густариш хоҳад ёфт.
Зимнан зикр гардид, ки масъалаҳои ҳамкорӣ на танҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, балки дар соҳаи мудофиа ва амният низ таҳким ёфтаанд ва хоҳанд ёфт.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар тамрингоҳи низомии Тирмиз размоиши муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони “Иттиҳод – 2022” доир шуд.
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки баргузории ин машқҳои муштараки дӯстона миёни нерӯҳои мусаллаҳ ба таҳкими равобити дӯстии кишварҳо мусоидат мекунад.