https://sputnik.tj/20220805/tojikiston-uzbekiston-marz-afghoniston-tamrinot-nizomi-1050510557.html
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар марзи Афғонистон размоиши низомӣ мегузаронанд
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар марзи Афғонистон размоиши низомӣ мегузаронанд
Sputnik Тоҷикистон
Машқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар қаламрави кишвари ҳамсоя таҳти назорати роҳбарияти олии низомии ҳарду кишвар фаъолона ҷараён доранд
2022-08-05T14:00+0500
2022-08-05T14:00+0500
2022-08-05T15:53+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
марз
афғонистон
тамринот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/05/1050506153_74:27:1207:664_1920x0_80_0_0_57db38ffdd52786a077aa7f1854f41a2.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар тамрингоҳи низомии Тирмиз тамриноти муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “Иттиҳод – 2022” ҷараён дорад, гузориш медиҳад Вазорати дифои Ӯзбекистон.Гуфта мешавад, ки як ҳайати бузурги низомӣ вориди Ӯзбекистон шуд, ки дар гарнизони Тирмиз ҷойгир шудааст. Афсарони тоҷику ӯзбек мувофиқи нақша амалиёти якҷояро омӯхтанд. Дар маросими ифтитоҳи тамриноти муштарак генерал-майор Зайнобиддин Иминов, фармондеҳи ҳавзаи махсуси низомии ҷанубу ғарбии Ӯзбекистон ва генерал-майор Шароф Эгамзод, муовини сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон суханронӣ карданд. Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки баргузории ин машқҳои муштараки дӯстона миёни нерӯҳои мусаллаҳ ба таҳкими равобити дӯстии кишварҳо мусоидат мекунад. Дар нуқтаҳои тамринӣ ва гузаргоҳҳои монеадор хизматчиёни ҳарбӣ дар машқҳои намоишӣ иштирок намуданд. Онҳо техника ва усулҳои ҷанги наздик, аз майдони набард баровардани ярадоршудагон ва рафъ кардани ҳуҷуми душмани шартиро намоиш доданд. Ҳанӯз маълум нест, ки тамринҳои муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон то кай идома хоҳад кард ва ҳамзамон теъдоди низомиён ва мошинҳои зиреҳпӯш дар ин размоиш мушаххас нест.
https://sputnik.tj/20220603/nizomiyon-tojik-chin-hamla-guruh-jinoi-raf-1048897336.html
ӯзбекистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/05/1050506153_162:0:1075:684_1920x0_80_0_0_938530105a6bf6956293975bb2e29cfc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
машқҳо низомӣ тоҷикистон ӯзбекистон тирмиз
машқҳо низомӣ тоҷикистон ӯзбекистон тирмиз
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар марзи Афғонистон размоиши низомӣ мегузаронанд
14:00 05.08.2022 (Навсозишуда: 15:53 05.08.2022) Машқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар қаламрави кишвари ҳамсоя таҳти назорати роҳбарияти олии низомии ҳар ду кишвар ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар тамрингоҳи низомии Тирмиз тамриноти муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “Иттиҳод – 2022” ҷараён дорад, гузориш медиҳад Вазорати дифои Ӯзбекистон.
Гуфта мешавад, ки як ҳайати бузурги низомӣ вориди Ӯзбекистон шуд, ки дар гарнизони Тирмиз ҷойгир шудааст. Афсарони тоҷику ӯзбек мувофиқи нақша амалиёти якҷояро омӯхтанд.
Дар маросими ифтитоҳи тамриноти муштарак генерал-майор Зайнобиддин Иминов, фармондеҳи ҳавзаи махсуси низомии ҷанубу ғарбии Ӯзбекистон ва генерал-майор Шароф Эгамзод, муовини сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон суханронӣ карданд.
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки баргузории ин машқҳои муштараки дӯстона миёни нерӯҳои мусаллаҳ ба таҳкими равобити дӯстии кишварҳо мусоидат мекунад.
Дар нуқтаҳои тамринӣ ва гузаргоҳҳои монеадор хизматчиёни ҳарбӣ дар машқҳои намоишӣ иштирок намуданд.
Онҳо техника ва усулҳои ҷанги наздик, аз майдони набард баровардани ярадоршудагон ва рафъ кардани ҳуҷуми душмани шартиро намоиш доданд.
Ҳанӯз маълум нест, ки тамринҳои муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон то кай идома хоҳад кард ва ҳамзамон теъдоди низомиён ва мошинҳои зиреҳпӯш дар ин размоиш мушаххас нест.