https://sputnik.tj/20220809/osiyo-markazi-mekhanizm-mehnat-bekhatar-tahiya-1050600395.html
Дар Осиёи Марказӣ механизмҳои ягонаи меҳнати бехатарро таҳия мекунанд
Дар Осиёи Марказӣ механизмҳои ягонаи меҳнати бехатарро таҳия мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Механизмҳои ягонаи таъмини меҳнати бехатарро давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки кишвари аслии қабулкунандаи муҳоҷират аст, таҳия мекунанд
2022-08-09T22:08+0500
2022-08-09T22:08+0500
2023-02-08T19:44+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
муҳоҷират
ом
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1d/1043167566_0:0:3079:1731_1920x0_80_0_0_49230044a5a92a733fed136159e5b607.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Ӯзбекистон нахустин Форуми минтақавии нозирони давлатии меҳнати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ифтитоҳ шуд.Таҳиякунандаи ин чорабинӣ Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Ӯзбекистон буда, он чаҳор рӯз идома хоҳад кард.Тавре зикр гардид, иштирокчиёни чорабинӣ оид ба ҷорӣ намудани механизмҳои муосири таъмини шароити бехатари меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқи меҳнат дар минтақаи Осиёи Марказӣ равишҳои муштаракро таҳия мекунанд. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии кумитаи иҷроияи ИДМ, яке аз ҳадафҳои аслии ин ҳамоиш таҳкими ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия дар таҳия ва татбиқи сиёсатҳо дар соҳаи назорати давлатӣ, баланд бардоштани савияи дониш, самаранокӣ ва самарабахшии нозирони меҳнат тавассути омузиш ва мубодилаи таҷриба аст, менависад агентии "Дунё". Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба принсипҳои бунёдии Созмони Байналмилалии Меҳнат, қонунгузории муҳоҷират, мафҳуми осеби сифрӣ, таҳқиқи садамаҳои истеҳсолӣ, қонунгузории меҳнат дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ хоҳанд кард. Маврид ба зикр аст, ки Русия аз кишвари асосии қабулкунандаи муҳоҷирон махсусан аз кишварҳои пасошӯравӣ аст.Тибқи маълумоти хадамоти таҳлилии шабакаи аудит ва машваратии FinExpertiza, дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ 3,12 миллион нафар ба Федератсияи Русия ворид шуданд, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2021 сеяк баробар бештар аст ва дар тӯли 6 соли охир рекорди семоҳа гардид.Дар ин давра 4,16 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар қайди муҳоҷират дар ҷои будубош сабт шуданд. Дар ҳамин ҳол 3,12 миллион нафар (75%) ҳадафи сафар корро интихоб кардаанд, ки ин дар тӯли тамоми давраи соли 2022 рекорди баланди семоҳа аз соли 2017 гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20220808/muhojiron-kor-rusiya-rekordhoi-qabliro-shikast-1050568677.html
ӯзбекистон
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1d/1043167566_88:0:2819:2048_1920x0_80_0_0_34f0a224690b266154727a694a71bc47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ механизмҳои меҳнат бехатар таҳия
осиёи марказӣ механизмҳои меҳнат бехатар таҳия
Дар Осиёи Марказӣ механизмҳои ягонаи меҳнати бехатарро таҳия мекунанд
22:08 09.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Механизмҳои ягонаи таъмини меҳнати бехатарро давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки кишвари аслии қабулкунандаи муҳоҷират аст, таҳия мекунанд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Ӯзбекистон нахустин Форуми минтақавии нозирони давлатии меҳнати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ифтитоҳ шуд.
Таҳиякунандаи ин чорабинӣ Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Ӯзбекистон буда, он чаҳор рӯз идома хоҳад кард.
Тавре зикр гардид, иштирокчиёни чорабинӣ оид ба ҷорӣ намудани механизмҳои муосири таъмини шароити бехатари меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқи меҳнат дар минтақаи Осиёи Марказӣ равишҳои муштаракро таҳия мекунанд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии кумитаи иҷроияи ИДМ, яке аз ҳадафҳои аслии ин ҳамоиш таҳкими ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия дар таҳия ва татбиқи сиёсатҳо дар соҳаи назорати давлатӣ, баланд бардоштани савияи дониш, самаранокӣ ва самарабахшии нозирони меҳнат тавассути омузиш ва мубодилаи таҷриба аст, менависад агентии "Дунё".
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба принсипҳои бунёдии Созмони Байналмилалии Меҳнат, қонунгузории муҳоҷират, мафҳуми осеби сифрӣ, таҳқиқи садамаҳои истеҳсолӣ, қонунгузории меҳнат дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз кишвари асосии қабулкунандаи муҳоҷирон махсусан аз кишварҳои пасошӯравӣ аст.
Тибқи маълумоти хадамоти таҳлилии шабакаи аудит ва машваратии FinExpertiza, дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ 3,12 миллион нафар ба Федератсияи Русия ворид шуданд, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2021 сеяк баробар бештар аст ва дар тӯли 6 соли охир рекорди семоҳа гардид.
Дар ин давра 4,16 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар қайди муҳоҷират дар ҷои будубош сабт шуданд.
Дар ҳамин ҳол 3,12 миллион нафар (75%) ҳадафи сафар корро интихоб кардаанд, ки ин дар тӯли тамоми давраи соли 2022 рекорди баланди семоҳа аз соли 2017 гуфта мешавад.