Вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия тайи моҳҳои ахир рекордҳои қаблиро шикаст

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкСтроительство инновационного научно-технологического центра МГУ "Воробьевы горы"
Строительство инновационного научно-технологического центра МГУ Воробьевы горы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Обуна шудан
Аз моҳи апрел то июни соли 2022 дар муқоиса ба нишондиҳандаҳои чунин давраҳои шаш соли қаблӣ муҳоҷири кории бештаре ба Русия ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Тибқи маълумоти хадамоти таҳлилии шабакаи аудит ва машваратии FinExpertiza, дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ 3,12 миллион нафар ба Федератсияи Русия ворид шуданд.
Ин рақам дар муқоиса бо соли 2021 сеяк баробар бештар аст ва дар тӯли 6 соли охир рекорди семоҳа гардид.
"Дар семоҳаи дуюми соли 2022 4,16 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар қайди муҳоҷират дар ҷои будубош сабт шуданд. Дар ҳамин ҳол 3,12 миллион нафар (75%) ҳадафи сафари корро нишон доданд. Ин дар тӯли тамоми давраи соли 2022 рекорди баланди семоҳа аз соли 2017", - гуфта мешавад дар матлаб.
Пассажир с багажом в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Шаҳри беҳтарин барои муҳоҷирон дар Русия гуфта шуд: кадом аст?
Теъдоди муҳоҷироне, ки дар семоҳаи дуюми соли 2022 барои кор ба кишвар омадаанд, низ аз нишондодҳои ҳамин давраи соли 2021 сеяк баробар зиёд аст – пас танҳо 2 миллиону 340 ҳазор нафар хориҷӣ дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар омадаанд.
Дар семоҳаи аввали соли 2022 2,76 миллион нафар аз кишварҳои хориҷӣ ба Русия омадаанд.
Ҷараёни муҳоҷирати корӣ бештар дар семоҳаи дуюми соли 2020 суст шуд - маҳдудиятҳои ковидӣ вуруд ва хуруҷ аз кишварҳои ҷаҳонро пешгирӣ карданд.
Дар он давра ба Русия ҳамагӣ 330 ҳазор муҳоҷири корӣ омадаанд, яъне нисбат ба семоҳаи дуюми соли 2019 5 маротиба камтар.
Нишондиҳандаи соли 2022 аз оморщои пеш аз пандемия 2 маротиба зиёдтар аст.
Лентаи хабарҳо
0