https://sputnik.tj/20220809/korgoh-qolinbofi-dasti-tojikiston-1050595486.html
Ифтитоҳи нахустин коргоҳи қолинбофии дастӣ дар Тоҷикистон
Ифтитоҳи нахустин коргоҳи қолинбофии дастӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, ки қолинҳои дастии абрешимӣ, ки меҳнати зиёдро талаб мекунад, таваҷҷуҳи харидорони бештареро ба қолинҳои тоҷикӣ ҷалб мекунад
2022-08-09T16:37+0500
2022-08-09T16:37+0500
2022-08-09T19:26+0500
бӯстон
дар тоҷикистон
саноат
суғд
эмомалӣ раҳмон
ифтитоҳ
қолинбофӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/09/1050595237_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_69d2388d97e56de21497b03cdab29ce9.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Коргоҳи қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон" ба баҳрабардорӣ расид.Ин коргоҳи қолинбофии дастӣ бо истифода аз нахи абрешим дар Тоҷикистон нахустин буда, дар он ҳунармандони тоҷик ва Ӯзбекистон ба бофтан ва омода намудани қолинҳо машғуланд.Дар коргоҳи қолинбофӣ 14 нафар занону духтарон бо омезиш додани тору пуд дар қолинҳо нақш меофаранд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.Ба коргоҳ 14 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва дигар намуди ҳунарҳои дастӣ аз Ӯзбекистон ворид карда шудаанд. Барои омода намудани як қолини дастибоф мувофиқ ба ҳаҷмаш то 6 моҳ ва зиёда аз он вақт сарф мешавад.Бино ба маълумоти оморӣ дар вилояти Суғд 283 маркази ҳунармандӣ амал мекунад. Дар маросиим ифтитоҳи коргоҳ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат карда, ба маҳсули дасти бонувон баҳои баланд дода, барои рушди ҳунари қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ масъулинро вазифадор кардааст.
https://sputnik.tj/20220530/qolin-ghizo-kimiyo-dushanbe-tehron-mushtarak-1048804918.html
бӯстон
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/09/1050595237_231:0:2048:1363_1920x0_80_0_0_f3fa3cbcf9067b29b1e9657d86603fbc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бӯстон, қолинбофӣ, коргоҳ, тоҷикистон, суғд
бӯстон, қолинбофӣ, коргоҳ, тоҷикистон, суғд
Ифтитоҳи нахустин коргоҳи қолинбофии дастӣ дар Тоҷикистон
16:37 09.08.2022 (Навсозишуда: 19:26 09.08.2022) Интизор меравад, қолинҳои дастии абрешимӣ, ки меҳнати зиёдро талаб мекунанд, таваҷҷуҳи харидорони бештареро ба қолинҳои тоҷикӣ ҷалб мекунанд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Коргоҳи қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон" ба баҳрабардорӣ расид.
Ин коргоҳи қолинбофии дастӣ бо истифода аз нахи абрешим дар Тоҷикистон нахустин буда, дар он ҳунармандони тоҷик ва Ӯзбекистон ба бофтан ва омода намудани қолинҳо машғуланд.
Дар коргоҳи қолинбофӣ 14 нафар занону духтарон бо омезиш додани тору пуд дар қолинҳо нақш меофаранд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Ба коргоҳ 14 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва дигар намуди ҳунарҳои дастӣ аз Ӯзбекистон ворид карда шудаанд.
Барои омода намудани як қолини дастибоф мувофиқ ба ҳаҷмаш то 6 моҳ ва зиёда аз он вақт сарф мешавад.
Бино ба маълумоти оморӣ дар вилояти Суғд 283 маркази ҳунармандӣ амал мекунад.
Дар маросиим ифтитоҳи коргоҳ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат карда, ба маҳсули дасти бонувон баҳои баланд дода, барои рушди ҳунари қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ масъулинро вазифадор кардааст.