Аз қолин то ғизою кимиё: азми Душанбею Теҳрон барои ташкили корхонаҳои муштарак

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЦех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе
Цех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва ноиби аввали президенти Эрон муайян карданд, ки дар кадом бахшҳо ду кишвар метавонанд корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ташкил кунанд
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Татбиқи Барномаи ҷадиди дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ноиби аввали президенти Эрон Муҳаммад Мухбир буд.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки Раҳмон густариши ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд бо Эронро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии ҶТ хондааст.
Зимни баррасии татбиқи барномаи нави дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030, ки дар ҳошияи мулоқоту музокироти ахир имзо гардид, ҷонибҳо инчунин ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангиро муҳим хондаанд.
Официальный прием Эмомали Рахмона в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Раисӣ: Афзоиши тиҷорати миёни Эрону Тоҷикистон шаҳодати тағйири равобити ду кишвар
"Таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, коркарди маъдан, мошинсозӣ, кимиё, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, шиша ва кошин аз самтҳои дигари судовар барои ҳар ду кишвар номида шуд", - омадааст дар иттилоия.
Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Мухбир ҳамчунин зикр гардидааст, ки рушди ҳамкорӣ дар самти роҳандозии коркарди нахи пахта, пӯст, пашм ва абрешим то маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин қолинбофӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди меваю сабзавот, намаки ошӣ, истеҳсоли рӯғани растанӣ ва оби ошомиданӣ низ ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, таҷҳизот ва техникаи кишоварзӣ аз самтҳои дигари муфид барои рушди робитаҳо маънидод шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, сайёҳӣ, алалхусус сайёҳати тандурустӣ табодули андеша карданд, афзуд дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0