Антонов: Амрико дар талоши афрӯхтани оташи ҷанг дар Украина аст

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкБрифинг А. Антонова после заседания комитета по международным делам
Брифинг А. Антонова после заседания комитета по международным делам  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2022
Обуна шудан
Сафири Русия дар Вашингтон мегӯяд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ироаи кумакҳои изофӣ ба Киев талош мекунад, низоъ дар Украинаро доман занад
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Анатолий Антонов, сафири Русия дар ИМА, таъкид кард, кумакҳои дигари Вошингтон ба Украина собит мекунад, ки Вашингтон ҳамчунон барои ташдиди низоҳ "ҳамчунон ҳезум ба оташ меандозад".
"Вашингтон ҳамчунин "ҳезум ба оташ"-и даргириҳо дар Украина андохтанро идома медиҳад. Ҷудо кардани миллиард доллари дигар тасдиқ мекунад, ки Иёлоти Муттаҳида нияти кумак барои ҳалли мусолиматомез надорад, балки талошаш ташдиди буҳрон аст", - навиштааст Антонов дар Telegram-каналаш.
Ба гуфтаи вай, ИМА дар ин низоъ ҳарчӣ бештар ҷалб шуда, ба нуқтаи хатарноки рӯёрӯӣ бо Русия наздик мешавад.
"Ин кор ҳеҷ армуғоне ба сулҳу амният дар пай надорад ва ба низоми Киев танҳо дарду алам зам мекунад", - таъкид кардааст дипломат.
Дар гузашта низ ӯ таъкид карда буд, ки ИМА ҳадафмандона Украинаро муҷаҳҳаз мекунад.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
ИМА дар ҷустуҷӯи ҷойгузини Зеленский аст
Агар ба гуфти дипломат қудратҳои ғарбӣ сулҳу оромиро мехостанд Киевро барои музокира ҳидоят мекарданд ва кумакҳои низомӣ даст мекашиданд.
Қобили зикр аст, ки субҳи рӯзи 24 феврал Русия бо судури фармони Путин амалиёти вижаи низомии худро барои -айринизомисоь ва нозизудоии Украина оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия ҳадафи ин амалиётро "ҳимоят аз афроде тавсиф кард, ки ҳашт сол боз аз сӯи режими Киев мавриди таъқиб ва қатли ом қарор гирифтаанд".
Вазорати дифои Русия таъкид кардааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия танҳо зерсохтҳои низомии Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва барои мардуми осоишта ҳеҷ хатаре эҷод намекунанд.
Лентаи хабарҳо
0