Талоши ташкили бозори ягонаи меҳнат дар ИДМ

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВыдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Ӯзбекистон хостори таҳияи барномаи эътирофи ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шудааст
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бозори ягонаи меҳнатро ташкил мекунанд. Гуруҳи корӣ аллакай санади аввалияро дар ин самт таҳия кардааст, хабар дод дафтари матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Таъкид шудааст, ки корҳо дар самти коркарди Консепсияи ташаккули мунтазами бозори ягонаи меҳнат ва танзими муҳоҷирати нерӯи корӣ дар қаламрави ИДМ таҳким бахшида мешаванд.
Дар ҷаласаи ахири гуруҳи корӣ, ки дар Тошканд баргузор шудааст, тасмим гирифта шуд, ки Консепсия барои тасдиқ ба Шӯрои иқтисодии ИДМ ирсол гардад.
Мужчина с российским паспортом  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Фармони Путин барои шаҳрвандигирии осон дар Русия
Дар муҳокимаи ниҳоии санади мазкур намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ширкат доштанд.
Ҷониби Ӯзбекистон ташаббус нишон додааст, ки барои таҳияи барномаи эътирофи асноди муҳоҷирони мҳенатӣ дар қаламрави ИДМ ҷаласаи алоҳида баргузор карда шавад.
Ҳамчунин, намояндагони кишварҳои муштаракулманофеъ бо низоми касбомӯзӣ ва омодасозии кадрҳо, ки дар пойтахти Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, шинос шуданд.
Талош барои таҳияи бозори муштараки меҳнат дар ҳолест, ки ҳамасола садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ барои кор ба Русия ва Қазоқистон сафар мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0