Беш аз 20 нафар муроҷиат намуда, 10 кас бистарӣ шудааст: Дар Исфара чӣ рух дод?

© Sputnik / Амир ИсаевГород Худжанд
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Обуна шудан
Мақомоти зирабти шаҳри Исфара таъйид карданд, ки баъд аз истеъмоли хӯриш дар яке аз қаҳвахонаҳои машҳури шаҳри Исфара якбора 22 нафар заҳролуд шуданд
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Дар пайи рухдоди ин ҳодиса 10 нафар ба шуъбаи сироятии Шифохонаи марказии шаҳр бистарӣ карда шудаанд.
Соим Абдуллоев, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Исфара дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин ҳодиса чи гуна рух додааст.

“Бино ба маълумоти расида ин гурӯҳи сокинон барои хурокхурӣ ба қаҳвахонаи “Одилон”-и маркази шаҳр рафтаанд. Онҳо дар он ҷо хуруши “капризни” истеъмол намуда заҳролуд шудаанд” – иброз намуд, Абдуллоев.

Бино ба иттилоъи манбаъ ин ҳодиса чаҳор рӯз қабл рух дода ва 22 сокини шаҳр бо нишонаҳои аломати заҳролудшавӣ ба шуъбаи сироятии Шифохонаи марказии Исфара муроҷиат намудаанд.
Баъди муоина ва таъини муолиҷаи табибон 12 нафари муроҷиаткунандагон аризаи рухсатшавӣ навишта, 10 нафари дигар бистарӣ карда шудаанд.
Последствия конфликта на границе с Кыргызстаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Шаҳрдори Исфара дар бораи сохтмони хонаҳо ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ гуфт
Соим Абдуллоев, дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии ин теъдод сокинонро муътадил арзёбӣ намуд.
Дар пайи рухдоди ин ҳолат Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара бо иштироки масъулини Беморхонаи марказии шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии шаҳр ҷаласаи фаврӣ доир намудааст.
Шаҳрдори Исфара аз масъулин ва мақомот қотеъона талаб намудаст, ки ки гунаҳкорони ҳодиса ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Фаъолияти қаҳвахонаи “Одилон” и Исфара, баъд аз заҳролудшавии сокинон сар аз рӯзи 6 август боз дошта шуда, мақомот ба дари он муҳр задаанд.
Лентаи хабарҳо
0