https://sputnik.tj/20220714/shahrdor-isfara-sokhtmon-khonaho-munoqisha-marzi-1049980175.html
Шаҳрдори Исфара дар бораи сохтмони хонаҳо ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ гуфт
Шаҳрдори Исфара дар бораи сохтмони хонаҳо ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони деҳаҳои наздимарзии шаҳри Исфара, ки дар як муноқиша хонаҳояшон хароб гардида буд, дар назар аст, ба манзилҳои таъмиршудаашон дароянд 14.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-14T09:26+0500
2022-07-14T09:26+0500
2022-07-14T11:04+0500
дар тоҷикистон
исфара
муноқишаи марзӣ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/03/1045462195_0:57:3070:1784_1920x0_80_0_0_28986f7079703a340532bc645c031cb1.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Баҳоваддин Баҳодурзода, шаҳрдори Исфара гуфт, хонаҳое, ки дар ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Сурх дар пайи муноқишаи марзӣ хароб гардида буданд аз ҷониби ҳукумат пурра таъмир карда мешаванд.Дар ин бора раиси шаҳри Исфара зимни нишасти матбуотӣ таъкид карда, афзуд, ки ҳоло кори сохтмони хонаҳо дар ҷамоати Чоркӯҳ шуруъ шудааст. Дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон дар рӯзи 27 январ дар ҷамоатҳои Сурх ва Чоркӯҳи Исфара ба ҳисоби хонаҳои истиқоматии сокинон 52 иморату иншоотҳо аз ҷумла 4 бино – ошхона, нонвойхона, мағоза ва маркази саломатӣ хароб гардида буданд. Мақомоти Идораи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Исфара хисороти расида аз ин даргириро 1,5 миллион сомонӣ ҳисоб карда буд. Таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бегоҳии 27 январ рух дода, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози он муттаҳам карда буданд. Ба иттилои расмӣ, дар муноқишаи он замон аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар - 6 низомӣ ва 4 мулкӣ дар ин танишҳо маҷруҳ ва ду шаҳрванди мулкии дигар кушта шуданд. Аз сокинони маҳаллии кушташуда - Обидҷон Тӯйчиев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло ва Абдулатиф Шарифови 62 -сола, ронандаи мошини ёрии таъҷилии Исфара ном бурда шудааст, ки бар асари таркиши хумпора ба шаҳодат расиданд. Он вақт ҷониби Қирғизистон ҳам иттилоъ дода буд, ки дар даргирии охир 11 низомӣ маҷруҳ шуда, осебдидаҳо дар миёни шаҳрвандони мулкӣ ба сабт нарасидаанд. Шаҳрдори Исфара дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки муноқишаҳои марзӣ бештар вақт сари тақсими об, истифодаи роҳу чарогоҳ сар мезананд. “Мо кӯшиш мекунем, ки баҳсҳои марзӣ аз тариқи гуфтушунид бо дарназардошти манофеъи ҷонибҳо ва бо роҳи муросо ҳалли худро ёбанд”, - зикр кард, Баҳодурзода. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рух додани муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст. Феълан ҷонибҳо барои ҷоннок кардани кор барои муайяну аломатгузории марз созиш кардаанд.
https://sputnik.tj/20220701/tabobat-zakhm-tir-shafeiyon-kor-isfara-1049653287.html
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/03/1045462195_339:0:3070:2048_1920x0_80_0_0_3215a4c8536aefe9d3d251cd52bc2e9e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, исфара, муноқишаи марзӣ, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, исфара, муноқишаи марзӣ, иҷтимоъ
Шаҳрдори Исфара дар бораи сохтмони хонаҳо ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ гуфт
09:26 14.07.2022 (Навсозишуда: 11:04 14.07.2022) Сокинони деҳаҳои наздимарзии шаҳри Исфара, ки дар як муноқиша хонаҳояшон хароб гардида буд, дар назар аст, ба манзилҳои таъмиршудаашон дароянд
ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Баҳоваддин Баҳодурзода, шаҳрдори Исфара гуфт, хонаҳое, ки дар ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Сурх дар пайи муноқишаи марзӣ хароб гардида буданд аз ҷониби ҳукумат пурра таъмир карда мешаванд.
Дар ин бора раиси шаҳри Исфара зимни нишасти матбуотӣ таъкид карда, афзуд, ки ҳоло кори сохтмони хонаҳо дар ҷамоати Чоркӯҳ шуруъ шудааст.
“Сохтмони хонаҳои сокинон, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар пайи муноқишаи марзӣ зарар дидаанд, идома дошта, қарор аст рӯзҳои наздик ба соҳибонашон супорида шаванд” - гуфт, шаҳрдори Исфара.
Дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон дар рӯзи 27 январ дар ҷамоатҳои Сурх ва Чоркӯҳи Исфара ба ҳисоби хонаҳои истиқоматии сокинон 52 иморату иншоотҳо аз ҷумла 4 бино – ошхона, нонвойхона, мағоза ва маркази саломатӣ хароб гардида буданд.
Мақомоти Идораи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Исфара хисороти расида аз ин даргириро 1,5 миллион сомонӣ ҳисоб карда буд.
Таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бегоҳии 27 январ рух дода, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози он муттаҳам карда буданд. Ба иттилои расмӣ, дар муноқишаи он замон аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар - 6 низомӣ ва 4 мулкӣ дар ин танишҳо маҷруҳ ва ду шаҳрванди мулкии дигар кушта шуданд.
Аз сокинони маҳаллии кушташуда - Обидҷон Тӯйчиев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло ва Абдулатиф Шарифови 62 -сола, ронандаи мошини ёрии таъҷилии Исфара ном бурда шудааст, ки бар асари таркиши хумпора ба шаҳодат расиданд.
Он вақт ҷониби Қирғизистон ҳам иттилоъ дода буд, ки дар даргирии охир 11 низомӣ маҷруҳ шуда, осебдидаҳо дар миёни шаҳрвандони мулкӣ ба сабт нарасидаанд.
Шаҳрдори Исфара дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки муноқишаҳои марзӣ бештар вақт сари тақсими об, истифодаи роҳу чарогоҳ сар мезананд.
“Мо кӯшиш мекунем, ки баҳсҳои марзӣ аз тариқи гуфтушунид бо дарназардошти манофеъи ҷонибҳо ва бо роҳи муросо ҳалли худро ёбанд”, - зикр кард, Баҳодурзода.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рух додани муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст. Феълан ҷонибҳо барои ҷоннок кардани кор барои муайяну аломатгузории марз созиш кардаанд.