https://sputnik.tj/20220730/harakat-poezd-dushanbe-volgograd-1050370066.html
Ҳаракати қаторҳо дар масири Душанбе - Волгоград пеш аз муҳлат ба роҳ монда мешавад
Ҳаракати қаторҳо дар масири Душанбе - Волгоград пеш аз муҳлат ба роҳ монда мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Қаторҳои роҳи оҳан миёни Русия ва Тоҷикистон пас аз танаффуси тӯлонӣ ду ҳафта пеш аз муҳлат дубора ба кор шурӯъ мекунанд
2022-07-30T10:00+0500
2022-07-30T10:00+0500
2022-07-30T10:00+0500
волгоград
душанбе
дар тоҷикистон
дар русия
нақлиёт
роҳи оҳан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046444834_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_5bfaa10eedbe5b41e2a70b480e30f237.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Мусофирбарӣ тариқи роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Русия пеш аз мӯҳлат оғоз мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Роҳи оҳани Русия. Ҳаракати поездҳо байни кишварҳо назар ба ваъдаи қаблан додашуда, ним моҳ пештар ба роҳ монда мешавад. Агар пештар нақша буд, ки ҳаракати аввалин қатора пас аз танаффуси тӯлонӣ 30 август ба роҳ монда мешавад, тибқи эълони нав он ба 16 август кӯчонида шуд. Тибқи ҷадвали қаблан эълоншуда, дар ин рӯз нахустин ҳаракат дар масири Душанбе - Волгоград сурат мегирад. Мусофирон аз он рӯзҳои сешанбе метавонанд истифода кунанд ва бозгашт аз шаҳри Русия ба пойтахти Тоҷикистон рӯзи ҷумъа сурат мегирад. Зоиршо Файзуллоев, муовини раиси Хадамоти амнияти қаторҳои Хатлон қаблан гуфта буд, ки қимати билети қатораҳо дар ин масир ҳудуди 1,4-1,5 ҳазор сомонӣ (қариб 150 доллар) хоҳад буд. Гузашта аз ин, агар мусофирон як моҳ пештар чипта харидорӣ кунанд, он метавонад 200-300 сомонӣ арзонтар шавад. Вақти сафар тақрибан 2,5 рӯзро ташкил медиҳад ва худи сафар ҳар ҳафта анҷом дода мешаванд. Илова бар ин, як хатсайри дигар ваъда шудааст, ки рӯзи 7 сентябр дар самти Хуҷанд - Волгоград ва бозгашт ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20220720/tojikiston-narkhi-chiptai-qatora-dushanbe-volgogradro-1050114639.html
волгоград
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046444834_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_be148f467755700c2c8c94cdee144065.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
билет қатора душанбе — волгоград нарх
билет қатора душанбе — волгоград нарх
Ҳаракати қаторҳо дар масири Душанбе - Волгоград пеш аз муҳлат ба роҳ монда мешавад
Қаторҳои роҳи оҳан миёни Русия ва Тоҷикистон пас аз танаффуси тӯлонӣ ду ҳафта пеш аз муҳлат дубора ба кор шурӯъ мекунанд
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Мусофирбарӣ тариқи роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Русия пеш аз мӯҳлат оғоз мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Роҳи оҳани Русия.
Ҳаракати поездҳо байни кишварҳо назар ба ваъдаи қаблан додашуда, ним моҳ пештар ба роҳ монда мешавад.
Агар пештар нақша буд, ки ҳаракати аввалин қатора пас аз танаффуси тӯлонӣ 30 август ба роҳ монда мешавад, тибқи эълони нав он ба 16 август кӯчонида шуд.
Тибқи ҷадвали қаблан эълоншуда, дар ин рӯз нахустин ҳаракат дар масири Душанбе - Волгоград сурат мегирад.
Мусофирон аз он рӯзҳои сешанбе метавонанд истифода кунанд ва бозгашт аз шаҳри Русия ба пойтахти Тоҷикистон рӯзи ҷумъа сурат мегирад.
Зоиршо Файзуллоев, муовини раиси Хадамоти амнияти қаторҳои Хатлон қаблан гуфта буд, ки қимати билети қатораҳо дар ин масир ҳудуди 1,4-1,5 ҳазор сомонӣ (қариб 150 доллар) хоҳад буд.
Гузашта аз ин, агар мусофирон як моҳ пештар чипта харидорӣ кунанд, он метавонад 200-300 сомонӣ арзонтар шавад.
Вақти сафар тақрибан 2,5 рӯзро ташкил медиҳад ва худи сафар ҳар ҳафта анҷом дода мешаванд.
Илова бар ин, як хатсайри дигар ваъда шудааст, ки рӯзи 7 сентябр дар самти Хуҷанд - Волгоград ва бозгашт ба нақша гирифта шудааст.