https://sputnik.tj/20220808/charkhbolho-darkhost-tolibon-tojikiston-1050565528.html
Чархболҳоро диҳед: дархости дигарбораи толибон аз Тоҷикистон
Чархболҳоро диҳед: дархости дигарбораи толибон аз Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Толибон рдигарбора аз ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон даъват намудаанд, ки чархболҳои ҳукумати қаблии Афғонистонро бозпас диҳанд
2022-08-08T14:06+0500
2022-08-08T14:06+0500
2022-08-08T14:45+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
толибон
ӯзбекистон
чархбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041704956_0:129:3185:1921_1920x0_80_0_0_53d294993715f88b54abec29a0b9deb9.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Вазорати дифоъи толибон бори дигар аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хостааст, чархболҳои ҳукумати қаблии Афғонистонро, ба ҳукумати худхондаи ин кишвар баргардонанд. Сухап сари чархболҳое меравад, ки халабонҳои афғонистонӣ пас аз иваз шудани қудрат дар Афғонистон бо онҳо ба Тоҷикистону Ӯзбекистон фирор карданд.Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълом карда буд, ки ҳавопаймоҳои низомиро ба толибон намедиҳад, аммо ҳоло вазорати дифоъи ҳукумати нав ҳушдор медиҳад, ки онҳо ба зудӣ ва бо ҳар васила ин ҳавопаймоҳоро ба даст хоҳанд овард. Ӯ гуфтааст, ки кишварҳои ҳамсоя мулоҳизоти худро доранд, аммо ин воқеият аст, ки ин ба мардуми Афғонистон дахл дорад, ки дар Ӯзбакистону Тоҷикистон аст, ҳар вақт, ки бошанд, гирифтаву ҳисобӣ мешаванд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон мегӯянд, то замони эътироф нашудани ҳукумати муваққат, додани ин чархболҳо ба кишвар ғайриимкон хоҳад буд."Дар мавриди чархболҳо, ки аз кишвар рабуда шудаанд, як қатор масъалаҳо вуҷуд доранд. Аввалан, ман мутмаин нестам, ки асноди ин чархболҳо марбут ба Афғонистон аст. Мушкилоти дувум, мушкили ҳукумати толибон аст, ки аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст,”- гуфт Фаҳим Қeҳидаманӣ, дипломати собиқи Афғонистон дар Тоҷикистон.Қаблан низ борҳо мақомҳои толибон аз ҷумла вазири дифои ин гуруҳ Муллоёқуб Муҷоҳид даъвати бозгардонии ин чархболҳоро кард ва ҳатто ҳушдор низ дод.Ӯ дар хитоб ба ин кишварҳо гуфт, ки “сабр”-и толибонро насанҷанд ва ин гурӯҳро маҷбур насозанд, иқдом кунанд.Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2021 бо басари ҷудрат омадани толибон артиши ҳукумати қаблии Афғонистон пароканда шуд ва иддае аз халабонҳо бо ин таҷҳизот фирор карданд.Ба гузориши расонаҳо, халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо рабудаанд, ки ҷангиёнро аз бахши қобили мулоҳизаи ҳавопаймоҳои амалиётии худ маҳрум кардаанд.Дар миёни ҳавопаймоҳое, ки дар ҳайати нерӯҳои ҳавоии Афғонистон хидмат мекарданд, ҳавопаймоҳои сабуки ҳамлавар "А-29 Super Tucano", чархболҳои "UH-60 Black Hawk", чархболҳои MD-530 ва чархболҳои Ми-17 буданд.
https://sputnik.tj/20220112/havopaymoho-tolibon-tojikiston-kumak-1044733236.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041704956_227:0:2958:2048_1920x0_80_0_0_ab1282af1054e680626a9b052f7cd1a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чархболҳо дархост толибон тоҷикистон
чархболҳо дархост толибон тоҷикистон
Чархболҳоро диҳед: дархости дигарбораи толибон аз Тоҷикистон
14:06 08.08.2022 (Навсозишуда: 14:45 08.08.2022) Толибон дигарбора аз ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон даъват намудаанд, ки чархболҳои давлати қаблии Афғонистонро ба онҳо бозпас диҳанд
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Вазорати дифоъи толибон бори дигар аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хостааст, чархболҳои ҳукумати қаблии Афғонистонро, ба ҳукумати худхондаи ин кишвар баргардонанд.
Сухап сари чархболҳое меравад, ки халабонҳои афғонистонӣ пас аз иваз шудани қудрат дар Афғонистон бо онҳо ба Тоҷикистону Ӯзбекистон фирор карданд.
Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълом карда буд, ки ҳавопаймоҳои низомиро ба толибон намедиҳад, аммо ҳоло вазорати дифоъи ҳукумати нав ҳушдор медиҳад, ки онҳо ба зудӣ ва бо ҳар васила ин ҳавопаймоҳоро ба даст хоҳанд овард.
"Чархболҳо сармояи мардуми Афғонистон ҳастанд, бояд онҳоро ба давлати ҳоким ва ҳукумати ҳоким баргардонанд, ки марбути вазорати дифоъ аст", - гуфтааст, намояндаи Вазорати дифои ин гуруҳ Иноятулло Хоразмӣ, ки суханонашро
TOLOnews овардааст.
Ӯ гуфтааст, ки кишварҳои ҳамсоя мулоҳизоти худро доранд, аммо ин воқеият аст, ки ин ба мардуми Афғонистон дахл дорад, ки дар Ӯзбакистону Тоҷикистон аст, ҳар вақт, ки бошанд, гирифтаву ҳисобӣ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон мегӯянд, то замони эътироф нашудани ҳукумати муваққат, додани ин чархболҳо ба кишвар ғайриимкон хоҳад буд.
"Дар мавриди чархболҳо, ки аз кишвар рабуда шудаанд, як қатор масъалаҳо вуҷуд доранд. Аввалан, ман мутмаин нестам, ки асноди ин чархболҳо марбут ба Афғонистон аст. Мушкилоти дувум, мушкили ҳукумати толибон аст, ки аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст,”- гуфт Фаҳим Қeҳидаманӣ, дипломати собиқи Афғонистон дар Тоҷикистон.
Қаблан низ борҳо мақомҳои толибон аз ҷумла вазири дифои ин гуруҳ Муллоёқуб Муҷоҳид даъвати бозгардонии ин чархболҳоро кард ва ҳатто ҳушдор низ дод.
Ӯ дар хитоб ба ин кишварҳо гуфт, ки “сабр”-и толибонро насанҷанд ва ин гурӯҳро маҷбур насозанд, иқдом кунанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2021 бо басари ҷудрат омадани толибон артиши ҳукумати қаблии Афғонистон пароканда шуд ва иддае аз халабонҳо бо ин таҷҳизот фирор карданд.
Ба гузориши расонаҳо, халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо рабудаанд, ки ҷангиёнро аз бахши қобили мулоҳизаи ҳавопаймоҳои амалиётии худ маҳрум кардаанд.
Дар миёни ҳавопаймоҳое, ки дар ҳайати нерӯҳои ҳавоии Афғонистон хидмат мекарданд, ҳавопаймоҳои сабуки ҳамлавар "А-29 Super Tucano", чархболҳои "UH-60 Black Hawk", чархболҳои MD-530 ва чархболҳои Ми-17 буданд.