https://sputnik.tj/20220112/havopaymoho-tolibon-tojikiston-kumak-1044733236.html
Таҳдиди толибон ба Тоҷикистон: Ҳавсалаи моро ба озмоиш нагиреду чархболоҳоро баргардонед
Таҳдиди толибон ба Тоҷикистон: Ҳавсалаи моро ба озмоиш нагиреду чархболоҳоро баргардонед
Sputnik Тоҷикистон
Дар интернет наворе бо дархости намояндаи ҳукумати нави Афғонистон пайдо шуд, ки дар он раҳбари ниҳоди низомӣ хостори бозгардонии амволи давлатӣ шудааст
2022-01-12T09:33+0500
2022-01-12T09:33+0500
2022-01-12T13:43+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
толибон
ҳавопаймо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041704956_0:129:3185:1921_1920x0_80_0_0_53d294993715f88b54abec29a0b9deb9.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Толибон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хостанд, ҳавопаймоҳо ва чархболҳои марбут ба Афғонистонро баргардонанд. Ин муроҷиати видеоӣ дар вебсайти хабаргузории миллии ин кишвар "Bakhtar" нашр шудааст.Ӯ гуфтааст, ки чархболҳо моли миллатанд ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро дар кишвари худ банд кунад.Муҷоҳид меафзояд, ки ин кишварҳо ҳавсалаи толибонро ба озмоиш нагиранд ва маҷбур насозанд, ки амали мушобеҳро назар ба тавон анҷом диҳанд.Замони тасарруфи Афғонистон аз сӯйи толибон дар моҳи августи соли гузашта даҳҳо халабони низомии ҳукумати пешини ин кишвар бо чархболу ҳавопаймоҳо ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд. Баъдан расонаҳо хабар доданд, ки низомиёни амрикоӣ ба халабонҳои афғонистонӣ барои кӯчидан ба кишварҳои дигар кумак кардаанд. Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки сарнавишти ҳавопаймоҳо ва чархболҳои аз ин кишвар хориҷшуда чӣ шудааст.Маълум аст, ки қаблан аз Афғонистон беш аз 60 адад ҳавопаймои низомӣ бароварда шуда буд. Ба гузориши расонаҳо, халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо рабудаанд, ки ҷангиёнро аз бахши қобили мулоҳизаи ҳавопаймоҳои амалиётии худ маҳрум кардаанд. Дар миёни ҳавопаймоҳое, ки дар ҳайати нерӯҳои ҳавоии Афғонистон хидмат мекарданд, ҳавопаймоҳои сабуки ҳамлавар "А-29 Super Tucano", чархболҳои "UH-60 Black Hawk", чархболҳои MD-530 ва чархболҳои Ми-17 буданд. Ба гуфтаи манобеи амрикоӣ, ифшои манзараи пурраи ҳодисаи дар пасманзари хуруҷи нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон рухдода ғайриимкон аст, зеро баъзе аз иттилоот махфӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20220111/tolibon-iddao-emomali-rahmon-posukh-marz-urdugoh-terrorist-1044720076.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041704956_227:0:2958:2048_1920x0_80_0_0_ab1282af1054e680626a9b052f7cd1a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳавопаймо дархост толибон тоҷикистон
ҳавопаймо дархост толибон тоҷикистон
Таҳдиди толибон ба Тоҷикистон: Ҳавсалаи моро ба озмоиш нагиреду чархболоҳоро баргардонед
09:33 12.01.2022 (Навсозишуда: 13:43 12.01.2022) Вазири дифои толибон ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳушдор додааст, ки чархболҳои онҳоро баргардонанд
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Толибон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хостанд, ҳавопаймоҳо ва чархболҳои марбут ба Афғонистонро баргардонанд. Ин муроҷиати видеоӣ дар вебсайти хабаргузории миллии ин кишвар "Bakhtar" нашр шудааст.
"Мо аз Тоҷикистону Ӯзбекистон эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки барои бозгашти чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомии Афғонистон мусоидат кунанд", — гуфт Муҳаммадяъқуб Муҷоҳид, вазири мудофиаи толибон рӯзи сешанбе дар зимни тамриноти қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ.
Ӯ гуфтааст, ки чархболҳо моли миллатанд ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро дар кишвари худ банд кунад.
Муҷоҳид меафзояд, ки ин кишварҳо ҳавсалаи толибонро ба озмоиш нагиранд ва маҷбур насозанд, ки амали мушобеҳро назар ба тавон анҷом диҳанд.
Замони тасарруфи Афғонистон аз сӯйи толибон дар моҳи августи соли гузашта даҳҳо халабони низомии ҳукумати пешини ин кишвар бо чархболу ҳавопаймоҳо ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд.
Баъдан расонаҳо хабар доданд, ки низомиёни амрикоӣ ба халабонҳои афғонистонӣ барои кӯчидан ба кишварҳои дигар кумак кардаанд. Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки сарнавишти ҳавопаймоҳо ва чархболҳои аз ин кишвар хориҷшуда чӣ шудааст.
Маълум аст, ки қаблан аз Афғонистон беш аз 60 адад ҳавопаймои низомӣ бароварда шуда буд. Ба гузориши расонаҳо, халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо рабудаанд, ки ҷангиёнро аз бахши қобили мулоҳизаи ҳавопаймоҳои амалиётии худ маҳрум кардаанд.
Дар миёни ҳавопаймоҳое, ки дар ҳайати нерӯҳои ҳавоии Афғонистон хидмат мекарданд, ҳавопаймоҳои сабуки ҳамлавар "А-29 Super Tucano", чархболҳои "UH-60 Black Hawk", чархболҳои MD-530 ва чархболҳои Ми-17 буданд.
Ба гуфтаи манобеи амрикоӣ, ифшои манзараи пурраи ҳодисаи дар пасманзари хуруҷи нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон рухдода ғайриимкон аст, зеро баъзе аз иттилоот махфӣ мебошанд.