Пул бегона нашавад: талоши ҷиддии Тоҷикистон бар сари воридоти мошинҳои барқӣ

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЭлектромобиль, архивное фото
Электромобиль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2022
Обуна шудан
Барои бо барқ пур кардани васоили нақлия шароит дар кишвар фароҳам оварда мешавад, ки маблағи он аз ҷониби Вазорати молия ҷудо хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз рафтани пул ба хориҷ ва беҳтарсозии вазъи экологӣ рӯйи воридоти мошинҳои барқӣ ҷидди талош дорад.
Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиëти Тоҷикистон изҳор дошт ва гуфт, ки гузаштан ба нақлиëти барқӣ барои Тоҷикистон амали мантиқӣ аст.
Ба таъкиди ӯ ҳар сол ба кишвар аз хориҷа бо маблағи аз 800 то 1 миллиард доллар маводи сӯзишворӣ ворид мегардад. Дар ҳоле ки ба гуфти ӯ зарфиятҳои истеҳсоли барқии кишвар хело зиëд аст.
Вазир афзуд, ки ниҳоди зертобеяш “Барномаи рушди нақлиëти барқӣ барои солҳои 2023-2027" - ро таҳия намудааст, ки он ба наздикӣ барои баррасӣ ба ҳукумати пешниҳод мешавад.

Тибқи ин лоиҳа ба гуфти Азим Иброҳим, барои безараргардонӣ ва аз маконҳои сӯзишворӣ ба нақлиëтҳо пур кардани барқ аз ҷониби Вазорати молия маблағи муайян ҷудо карда мешавад.
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Такяи Тоҷикистон ба иқтисоди сабз
Тоҷикистон ҳамзамон барои рафъи ҳавои олуда барномаи воридоти мошинҳои барқиро рӯйи даст дорад, ки барои воридкунандагон сабукиҳо, аз ҷумла озод кардан аз боҷи гумрукиро пешкаш мекунад.
Воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Гуфта мешавад ки, истифодаи онҳо ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон, ки ҳиссаи асосии он имрӯз ба нақлиёти автомобилӣ вобаста аст, инчунин ба таҳияи технологияи нави хидматрасонии мошинҳои барқӣ, таъсиси ҷойҳои кор, коҳиши вобастагии кишвар аз боздоштани воридоти сӯзишворӣ барои воситаҳои нақлиёт рост меояд, мусоидат менамоянд.
Бар асоси ин тағйирот воридоти мошинҳои барқӣ, автобусҳои барқӣ, троллейбусҳо ва мошинҳои шабеҳ ба муддати 10 сол аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0