Такяи Тоҷикистон ба иқтисоди сабз

© Пресс-служба Минэкономразвития и торговли ртМинистр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
Вазири иқтисоди Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар кишвар Стратегияи рушди иқтисоди сабз таҳия мешавад
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ эълон кард, ки дар вазорат кори таҳияи Стратегияи рушди иқтисоди сабз ҷараён дошта, ин ҳуҷҷати муҳим дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад.
Вазири иқтисод қайд кард, ки дар баробари стратегия ҳамзамон лоиҳаи сармоягузории рушди иқтисоди сабз таҳия гашта истодааст, ки аллакай шарикони рушд ҳавасмандии худро ба он зоҳир кардаанд.
Вазир илова кард, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ҳангуфти иқтисоди сабз дар соҳаи энергетика, кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Тоҷикистон тавлиди энергияи "сабз"-ро ду баробар афзоиш медиҳад
Тоҷикистон дар аз лиҳози иқтисоди сабз қадамҳои устувор гузошт. Бояд гуфт, ки дар энергетикаи обии Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои аввалро мегирад.
Дар ин роҳ бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон таҷдиду сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ идома дошта, ба наздикӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсоли электромобил, электробус ва электротроллейбус оғоз мегардад, ки идомаи мантиқии сиёсати ҳукумат дар роҳи рушди иқтисоди сабз мебошад.
Лентаи хабарҳо
0