https://sputnik.tj/20220807/artish-rusiya-ukraina-zarrotkhona-nato-nobud-1050549076.html
Артиши Русия дар Украина як зарродхонаро бо 45 ҳазор тонна муҳимоти НАТО нобуд кард
Артиши Русия дар Украина як зарродхонаро бо 45 ҳазор тонна муҳимоти НАТО нобуд кард
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия зарротхонаи артиши Украинаро бо 45 000 тонна лавозимоти ҷангӣ, ки аз ҷониби НАТО интиқол шуда буд, нобуд кард
2022-08-07T18:00+0500
2022-08-07T18:00+0500
2023-02-08T19:44+0500
украина
нато
амалиёти вижа
амният ва мудофиа
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102675/63/1026756303_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_d7699813bb07f6dbb30cc18d9ca28eed.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг – Sputnik. Дар вилояти Николаев нерӯҳои Русия як зарротхонаро бо 45 ҳазор тонна лавозимоти ҷангӣ, ки аз ҷониби кишварҳои НАТО ба артиши Украина интиқол дода буданд, нобуд карданд, хабар медиҳад Вазорати дифои Русия Илова бар ин, артиши Русия ба се посгоҳи фармондеҳӣ, аз ҷумла баталони бригадаи механиконидашудаи 66-уми Украина дар наздикии деҳаи Очеретино, баталони бригадаи 109-уми дифои ҳудудӣ дар наздикии Бересткаи ҶМД ва инчунин қувваи зинда ва техникаи низомии он зарба задааст.Ҳамзамон дуртар аз шаҳри Часов Яр низомиёни Русия як мушакпарвози зидди ҳавоии "Бук-М1" ва панҷ анбори муҳимоти ҷангиро, ки яке аз онҳо дар корхонаи мошинсозии Санкт-Илинский дар наздикии рустои Дачное муҷаҳҳаз шуда буд, нобуд карданд.Ин ниҳод ҳамчунин қайд кардаас, ки нерӯҳои ҳавоии Русия дар Артемовск то 130 нафар низомиён ва ҳашт воҳиди мошину зиреҳпӯши Қувваҳои мусаллаҳи Украинаро аз байн бурдаанд.Ба иттилои манбаъ, нерӯҳои ҳавоии Русия дар Харков ба қаламрави ТЭЦ-3 ва боғи Карповский ҳамла карданд, ки дар натиҷа беш аз сад миллатгаро нобуд карда шуданд.Дар як рӯзи гузашта ҳамчунин системаҳои дифои ҳавоии Русия ҳашт ҳавопаймои бесарнишини украиниро сарнагун карданд. Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти вижа 263 ҳавопаймо, 145 чархбол, 1701 ҳавопаймои бесарнишин, 362 системаи зиддимушакии зиддиҳавоӣ нобуд карда шуд, афзуд вазорати дифоъи ин кишвар.Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Русия аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти вижаи низомии Украинаро ба манзури "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом медиҳад. Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Ба гуфтаи президент, ҳадафи ниҳоӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20220717/nobudsozi-asliha-intiqoldoda-nato-ukraina-1050053157.html
https://sputnik.tj/20220725/parvoz-lanset-lastuzh-bezarargardoni-ukrainaro-surat-1050238812.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102675/63/1026756303_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_d3fae32bb4544aac62186caa6e1ee852.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия украина зарротхона муҳимот нато нобуд
русия украина зарротхона муҳимот нато нобуд
Артиши Русия дар Украина як зарродхонаро бо 45 ҳазор тонна муҳимоти НАТО нобуд кард
18:00 07.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Нерӯҳои мусаллаҳи Русия зарродхонаи артиши Украинаро, ки 45 000 тонна лавозимоти ҷангӣ дошту ин ҳама аз тарафи НАТО интиқол шуда буданд, нобуд кард
ДУШАНБЕ, 7 авг – Sputnik. Дар вилояти Николаев нерӯҳои Русия як зарротхонаро бо 45 ҳазор тонна лавозимоти ҷангӣ, ки аз ҷониби кишварҳои НАТО ба артиши Украина интиқол дода буданд, нобуд карданд, хабар медиҳад Вазорати дифои Русия
"Зарротхона дар наздикии Вознесенск, ки дар он 45 000 тонна лавозимоти ҷангии ахиран аз ҷониби кишварҳои НАТО ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина интиқолшуда маҳфуз буд, нобуд карда шуд,", - омадааст дар изҳорот.
Илова бар ин, артиши Русия ба се посгоҳи фармондеҳӣ, аз ҷумла баталони бригадаи механиконидашудаи 66-уми Украина дар наздикии деҳаи Очеретино, баталони бригадаи 109-уми дифои ҳудудӣ дар наздикии Бересткаи ҶМД ва инчунин қувваи зинда ва техникаи низомии он зарба задааст.
Ҳамзамон дуртар аз шаҳри Часов Яр низомиёни Русия як мушакпарвози зидди ҳавоии "Бук-М1" ва панҷ анбори муҳимоти ҷангиро, ки яке аз онҳо дар корхонаи мошинсозии Санкт-Илинский дар наздикии рустои Дачное муҷаҳҳаз шуда буд, нобуд карданд.
Ин ниҳод ҳамчунин қайд кардаас, ки нерӯҳои ҳавоии Русия дар Артемовск то 130 нафар низомиён ва ҳашт воҳиди мошину зиреҳпӯши Қувваҳои мусаллаҳи Украинаро аз байн бурдаанд.
Ба иттилои манбаъ, нерӯҳои ҳавоии Русия дар Харков ба қаламрави ТЭЦ-3 ва боғи Карповский ҳамла карданд, ки дар натиҷа беш аз сад миллатгаро нобуд карда шуданд.
Дар як рӯзи гузашта ҳамчунин системаҳои дифои ҳавоии Русия ҳашт ҳавопаймои бесарнишини украиниро сарнагун карданд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти вижа 263 ҳавопаймо, 145 чархбол, 1701 ҳавопаймои бесарнишин, 362 системаи зиддимушакии зиддиҳавоӣ нобуд карда шуд, афзуд вазорати дифоъи ин кишвар.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Русия аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти вижаи низомии Украинаро ба манзури "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом медиҳад.
Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Ба гуфтаи президент, ҳадафи ниҳоӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.