Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нобудсозии аслиҳаи интиқолдодаи НАТО дар Украина

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкЗапуск ракеты
Запуск ракеты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Обуна шудан
Низомиёни Русия дар Донбасс ва Украина лавозимоти ҷангии интиқолдодаи Эътилофи Атлантики Шимолӣ - НАТО, аз ҷумла HIMARS ва "Harpoon"-ро нобуд кардаанд
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ҳавопаймоҳои Русия дар Одесса як анбори мушакҳои зиддикиштии "Harpoon"-и бритониёиро, ки НАТО ба Украина додаст, нобуд карданд.
Дар ин бора Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бо мушакҳои дурпарвози дақиқияти баланд аз ҳаво дар як корхонаи саноатии шаҳри Одесса як анбори мушакҳои зиддикиштии интиқолдодаи НАТО ҳадаф қарор дода шуд.
Ҳамчунин афзуд, ки дар наздикии Красноармейск як воситаи интиқолу партоби мушакҳои - HIMARS нобуд гардид.
Мақомоти дифои Русия илова намуданд, ки дар вилояти Запороже то 65 нафар аз нерӯҳои украинӣ безарар ва беш аз 10 мошини махсус корношоям гардидааст. Чанд зарбаи дигар ба нуктаҳои ҷойгиркунии муваққатии зархаридон дар вилоятҳои Харков ва Донетск сурат гирифтаст.
Донецк снова под ударом ВСУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Донетск боз гулӯлаборон шуд. Зарбаи артиши Украина ба вокзали автобус - видео
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ артиши Русия бо мушакҳои баҳрии дақиқияташон баланд 2 маҷмааи соҳилии мушакафкани "Harpoon"-ро, ки Бритониёи Кабир ба Украина додааст, нобуд кард.
Ду дастгоҳи партоби мушакии навъи HIMARS-и амрикоӣ дар Донетск нобуд карда шуда буданд.
Пештар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз интиқоли системаҳои мушакии чандкаратаи HIMARS ба Украина эълон карда буд, ба шарте ки онҳо барои зарба задан ба қаламрави Федератсияи Русия истифода нашаванд.
Вазорати умури хориҷии Русия эълон карда буд, ки интиқоли силоҳ ба Украина танҳо даргириҳои низомиро тӯл медиҳад, аммо ба бароварда шудани ҳадафҳои гузошташудаи амалиёт таъсире нахоҳад дошт.
Дар зимн мақомоти Русия борҳо таъкид намуданд, ки силоҳҳои интиқолии ғарбиро ба Украина ҳадафи қонунии зарбаҳои худ медонад.
Лентаи хабарҳо
0