Истирдоди 55 гумонбар дар ҷиноят аз Русия ба Тоҷикистон

© Sputnik Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар бораи шумори дақиқи нафароне, ки аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудаанд, хабар дод
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар шаш моҳи соли равон аз қаламрави Русия 55 нафар гумонбр дар ҷиноят ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.
Вай ҳамчунин хабар дод, ки аз Тоҷикистон низ як нафар бояд ба қаламрави Русия истирдод шавад.
“Ҳоло як нафар дар саддади истирдод ба Русия аст”,- таъкид кард вазири тоҷик.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои вазорати корҳои дохила, дар шаш моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон 12482 амали ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 1396 адад кам мебошад.
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Дар Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфтааст
Ҳамин тариқ, сатҳи ҷинояткорӣ 10% коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД.
Аз ҷумла, дар ин давра 22 ҳолати куштор, 65 ғорат, 8 далели хариду фурӯши одамон, 16 таҷовуз ба номус, 20 тамаъҷӯйӣ содир шудааст.
Кормандони ин ниҳод 1447 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро низ дастгир намуданд.
Ба иттилои ин ниҳод, ноболиғон дар ин дав бештар ҷиноят содир кардаанд, ки боиси ташвиш хонда шуд.
Зарфи шаш моҳ аз ҷониби ноболиғон дар кишвар 431 ҷиноят содир шудааст, ки 41 ҳолат нисбат ба ҳамин давлаи соли қаблӣ бештар аст.
Лентаи хабарҳо
0