Ангури Тоҷикистон ба Ҷопон содир мешавад?

© Пресс-служба президента ТаджикистанаУрожай в садах Турсунзаде
Урожай в садах Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2022
Обуна шудан
Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷиикистону Ҷопон барои содироти ангур аз Тоҷикистон ба Ҷопон ҳавасмандии худро баён кардааст
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе дар дидори Каримзода Саъдӣ Ғафор, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо роҳбари Гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷиикистону Ҷопон Кейҷи Фуруя масоили дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати кишоварзӣ.
Зимни мулоқот Вазири кишоварзии Тоҷикистон қайд намуд, ки соҳаи кишоварзӣ ба техникаю мошинолот ниёз дошта, дар ин радиф аз ҷониби Ҷопон тезонидани баррасии лоиҳаи “Механиконии устувори соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон” саривақтӣ мебошад.
Тибқи иттилои манбаъ, бо дарназардошти тамъу сифати хуб доштани ангури Тоҷикистон Кейҷи Фуруя барои содироти ангур аз Тоҷикистон ба Ҷопон ҳавасмандии худро баён намуд.
Торговля на рынке Истарвашана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Кӣ рост мегӯяд: Вазорати кишоварзӣ ё Агентии содирот?
Каримзода Саъдӣ қайд кард, ки дар Тоҷикистон 40 ҳазор гектар токзор мавҷуд буда, 35 ҳазор гектари он мевадиҳанда мебошад.
Мутобиқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2021, 270 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардида, 52 ҳазор тоннаи он асосан ба Русия ва Қирғизистону Қазоқистон содирот карда шудаанд.
Дар Тоҷикистон 193 навъи ангур мавҷуд буда, асосан токпарварон 20 навъи онро бештар парвариш менамоянд.
Сухофрукты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Аз гелос то зардолую пиёз: содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Суғд ба Русия 50% афзуд
Аз ҷониби роҳбари ҳайати Ҷопон, изҳори хоҳиш карда шуд, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳо ва идома додани муносибатҳо вобаста ба содироти ангур, аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон масъулин вобаста карда шавад ва маълумотнома дар бораи ангурҳои ба содирот нигаронидашуда пешниҳод гардад.
Мавриди зикр аст, ки гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон дар соли гузашта 88,8 миллион долларро ташкил намудааст.
Дар шаш моҳи соли 2022 бошад ба 49,5 миллион доллар расидааст.
Лентаи хабарҳо
0