https://sputnik.tj/20220618/sodirot-sughd-rusiya-afzud-1049322019.html
Аз гелос то зардолую пиёз: содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Суғд ба Русия 50% афзуд
Аз гелос то зардолую пиёз: содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Суғд ба Русия 50% афзуд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулони Идораи савдо ва тиҷорат дар вилояти Суғд дар бораи афзоиши содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Русия хабар медиҳанд
2022-06-18T20:12+0500
2022-06-18T20:12+0500
2022-06-20T14:45+0500
иқтисод
дар русия
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102897/53/1028975305_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_6a8b5d37faa42db646b5dcbdfb3b8aa3.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Русия беш аз 50% афзудааст.Дар ин бора Ғайрат Қобилзода, муовини сардори идораи савдо ва саноат дар вилояти Суғд гуфт. Ӯ, ин нуктаро зимни баргузории Форуми байналмилалии тиҷоратии “Суғд -2022” дар шаҳри Хуҷанд баён намуд.“То имрӯз аз вилояти Суғд қариб 30 ҳазор тонна пиёз, 25 ҳазор тонна зардолу, инчунин гелос ва дигар намуд маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба Русия содирот шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи як соли пеш 50% зиёд аст” – гуфт, масъули Идораи савдо ва саноати Суғд.Қобилзода таъкид кард, ки ҳоло таваҷҷуҳи соҳибкорони Русия ба хариддори молу маҳсулоти кишоварзони суғдӣ бештар шудааст. Ӯ ин равандро падидаи хуб барои рушди иқтисодии деҳқонону кишоварзон маънидод кард.Бино ба гуфти муовини сардори Идораи савдо ҳоло ҷиҳати содироти меваи хушк бастани шартномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар ҷараён дорад.Ин дар ҳолест, ки бино ба гуфти Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, наздики 70 субъекти Русия бо шарикон аз Тоҷикистон додугирифт роҳандозӣ кардаанд.Ӯ изҳор дошт, ки Русия ҳамоно калонтарин шарики тиҷории Тоҷикистон боқӣ монда, гардиши мол бахшҳои гуногунро фаро мегирад.Коренков: Русия ҳавасманди ҳамкориҳои бештар бо Тоҷикистон астДар зимн иттилоъ дод, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия дар ҳаҷми 260 млн доллар додугирифт дошт, ки нисбати нишондоди соли пешин 100 млн бештар аст.Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон таъкид кард, ки тамоми талошашро анҷом хоҳад дод, то додугирифти мол миёни кишварҳо афзоиш ёбад, чун ин рисолаташ мебошад.
https://sputnik.tj/20220618/tojikiston-rushd-iqtisod-rusiya-1049320812.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102897/53/1028975305_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_6c763e057b89e658321e304f8102935d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
содирот, суғд, русия
Аз гелос то зардолую пиёз: содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Суғд ба Русия 50% афзуд
20:12 18.06.2022 (Навсозишуда: 14:45 20.06.2022) Масъулони идораи савдо ва тиҷорат дар вилояти Суғд дар бораи афзоиши содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Русия хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Русия беш аз 50% афзудааст.
Дар ин бора Ғайрат Қобилзода, муовини сардори идораи савдо ва саноат дар вилояти Суғд гуфт.
Ӯ, ин нуктаро зимни баргузории Форуми байналмилалии тиҷоратии “Суғд -2022” дар шаҳри Хуҷанд баён намуд.
“То имрӯз аз вилояти Суғд қариб 30 ҳазор тонна пиёз, 25 ҳазор тонна зардолу, инчунин гелос ва дигар намуд маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба Русия содирот шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи як соли пеш 50% зиёд аст” – гуфт, масъули Идораи савдо ва саноати Суғд.
Қобилзода таъкид кард, ки ҳоло таваҷҷуҳи соҳибкорони Русия ба хариддори молу маҳсулоти кишоварзони суғдӣ бештар шудааст.
Ӯ ин равандро падидаи хуб барои рушди иқтисодии деҳқонону кишоварзон маънидод кард.
“Имрӯз худи соҳибкорони Русия омада аз навоҳии Суғд аз ҷумла аз Ашт, Исфара, Конибодом ва Истаравшан маҳсулотро аз сари замин аз деҳқон хариддорӣ карда истодаанд” – афзуд, Қобилзода.
Бино ба гуфти муовини сардори Идораи савдо ҳоло ҷиҳати содироти меваи хушк бастани шартномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар ҷараён дорад.
Ин дар ҳолест, ки бино ба гуфти Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, наздики 70 субъекти Русия бо шарикон аз Тоҷикистон додугирифт роҳандозӣ кардаанд.
Ӯ изҳор дошт, ки Русия ҳамоно калонтарин шарики тиҷории Тоҷикистон боқӣ монда, гардиши мол бахшҳои гуногунро фаро мегирад.
Дар зимн иттилоъ дод, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия дар ҳаҷми 260 млн доллар додугирифт дошт, ки нисбати нишондоди соли пешин 100 млн бештар аст.
Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон таъкид кард, ки тамоми талошашро анҷом хоҳад дод, то додугирифти мол миёни кишварҳо афзоиш ёбад, чун ин рисолаташ мебошад.