Низомиёни тоҷик "ҳамла"-и гурӯҳҳои ҷиноиро зимни тамринот рафъ карданд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВооруженные силы Таджикистана на военном параде в Дарвозском районе
Вооруженные силы Таджикистана на военном параде в Дарвозском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Мақомоти интизомии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи ҳамлаҳои ногаҳонии гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ тамринҳои тактикӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар Ваҳдат тамринҳо барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ ба як корхонаи чинӣ дар Тоҷикистон баргузор шуданд, гузориш медиҳад Вазорати корҳои дохилии кишвар.
Машқҳо тибқи нақшаи Хадамоти давлатии "Муҳофизат"-и Вазорати корҳои дохилӣ ва нақшаи ҳимояи иншооти муҳофизатшавандаи корхонаи тиллои ҶДММ "Покрут"-и шаҳри Ваҳдат баргузор гардидааст.
Российские военнослужащие в Таджикистане приступили к занятиям по боевой подготовке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Артиши Русия мавсими тобистонаи машқҳоро дар тамрингоҳи Лоҳур ифтитоҳ кард
Ҳадаф аз баргузории машқҳо санҷиши омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ барои пешгирии сари вақт аз ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва инчунин наҷоти ҳаёти шаҳрвандону муҳофизати маконҳои мухофизатшаванда гуфта мешавад.
Ба иттилои манбаъ, чорабинии низомӣ бо ҳузури сардори Хадамоти давлатии "Муҳофиза", генерал-майори милитсия Анварҷон Ализода, сафири Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин, директори генералии ҶДММ "Покрут" дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Хуэй ва дигар шахсони расмӣ баргузор шудааст.

"Иштирокчиёни тамрин- ҳайати шахсии Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД, ШХДМ ва ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аз иҷрои он ба хубӣ баромаданд", - афзуд манбаъ.

Рафти тадобири омодабошӣ исбот кард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз иҷрои вазифа ва уҳдадориҳояшон сарбаландона мебароянд.
Лентаи хабарҳо
0