https://sputnik.tj/20220805/tojikiston-qahramoni-osiyo-medal-piruz-1050530009.html
Тоҷикистон дар рӯзи дуюми қаҳрамонии Осиё ду медал ба даст овард: киҳо пирӯз шуданд?
Тоҷикистон дар рӯзи дуюми қаҳрамонии Осиё ду медал ба даст овард: киҳо пирӯз шуданд?
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи дуввуми Қаҳрамонии Осиё барои ду паҳлавони тоҷик бо бурд ва дуи дигар бо бохт поён ёфт. Барои медал ҳамакнун чаҳор паҳлавони дигар вориди майдон мешаванд
2022-08-05T20:30+0500
2022-08-05T20:30+0500
2022-08-05T20:55+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
қаҳрамонии осиё
қазоқистон
сомон маҳмадбеков
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/12/1032643787_197:21:1616:819_1920x0_80_0_0_edf701754b7332bcb89135c2de2f59f6.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи дуввуми рақобатҳо дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҷараён дорад, ду медат ба даст оварданд.Ҳаминтавр Шодмон Ризоев, ҷудокори 20 солаи тоҷик зери вазни то 81 кг дар рақобатҳо миёни калонсолон медали нуқра ба даст овард.Ӯ барои зинаи аввал дар финали ин мусобиқа бо ҷудокори ҷопонӣ Такеши Сасаки вориди рақобат шуд ва бо як иппон аз ҳарифаш мағлуб гардид ва ҷои дуввумро гирифт.Ин паҳлавони умедбахши кишвар то расидан ба марҳалаи ниҳоӣ ҳарфи тайвонияш Чуанг Шанг Чин, Владамир Золоев ва Асад Масабирови қирғизро шикаст дод.Ҳамчунин дар ин рӯз паҳлавони шинохтаи кишвар Сомон Маҳмадбеков низ аз медат бенасиб намонд, ҳарчанд ӯ аввалин қувваозмоиҳояш зери вазни то 81 кг оғоз кард. То ин дам Маҳмадбеков зери вазни то 73 кг ҳунарнамоӣ мекард.Ӯ бо шикаст додани ҳарифаш Асад Масабирови қирғиз медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард. Сомон Маҳмадбеков то расидан ба зинаи сеюм ҷудокори ӯзбек Рамазон Аллабердиевро шикаст дод, аммо марҳилаи чаҳорякниҳоӣ аз ҷудочии ҷопонӣ Такеши Сасаки ноком гардид ва ба даври тасаллобахш рафт. Номбурда дар даври тасаллобахш ҷудокори муғул Эрденбайар Батзайаро бо имтиёзи иппон шикаст дод ва барои зинаи сеюм бо намояндаи Қирғизистон вориди набард шуд.Аммо паҳлавони дигари кишвар Беҳрӯз Хоҷазода натавонист медал ба даст оварад ва миёни 16 ҷудокори вазни то 73 кг зинаи 5-умро гирифт.Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали рақобатҳо Шаҳбоз Саидаброров мағлуб ва Муҳаммад Маҳмадизода бинобар доштани вазни изофӣ иштирок карда натавонист.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии Осиё, ки дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Нур-Султон доир мешавад, нуҳ паҳлавон намояндагӣ мекунад.Рақобатҳо барои интихоби беҳтаринҳои Осиё оид ба ҷудо миёни 182 варзишгар аз 19 кишвари қораи Осиё аз 4 то 7 август доир мешавад.
https://sputnik.tj/20220801/komronshoh-somon-pahlavon-tojikiston-qahramoni-osiyo-1050412608.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/12/1032643787_344:0:1456:834_1920x0_80_0_0_80a71aa32793f6a501622839f45d6bf3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пирӯзӣ сомон шодмон қазоқистон ҷудо
пирӯзӣ сомон шодмон қазоқистон ҷудо
Тоҷикистон дар рӯзи дуюми қаҳрамонии Осиё ду медал ба даст овард: киҳо пирӯз шуданд?
20:30 05.08.2022 (Навсозишуда: 20:55 05.08.2022) Рӯзи дувуми қаҳрамонии Осиё барои ду паҳлавони тоҷик бо бурд ва дуи дигар бо бохт поён ёфт. Барои медал ҳамакнун чаҳор паҳлавони дигар вориди майдон мешаванд
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи дуввуми рақобатҳо дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҷараён дорад, ду медат ба даст оварданд.
Ҳаминтавр Шодмон Ризоев, ҷудокори 20 солаи тоҷик зери вазни то 81 кг дар рақобатҳо миёни калонсолон медали нуқра ба даст овард.
Ӯ барои зинаи аввал дар финали ин мусобиқа бо ҷудокори ҷопонӣ Такеши Сасаки вориди рақобат шуд ва бо як иппон аз ҳарифаш мағлуб гардид ва ҷои дуввумро гирифт.
Ин паҳлавони умедбахши кишвар то расидан ба марҳалаи ниҳоӣ ҳарфи тайвонияш Чуанг Шанг Чин, Владамир Золоев ва Асад Масабирови қирғизро шикаст дод.
Ҳамчунин дар ин рӯз паҳлавони шинохтаи кишвар Сомон Маҳмадбеков низ аз медат бенасиб намонд, ҳарчанд ӯ аввалин қувваозмоиҳояш зери вазни то 81 кг оғоз кард. То ин дам Маҳмадбеков зери вазни то 73 кг ҳунарнамоӣ мекард.
Ӯ бо шикаст додани ҳарифаш Асад Масабирови қирғиз медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард.
Сомон Маҳмадбеков то расидан ба зинаи сеюм ҷудокори ӯзбек Рамазон Аллабердиевро шикаст дод, аммо марҳилаи чаҳорякниҳоӣ аз ҷудочии ҷопонӣ Такеши Сасаки ноком гардид ва ба даври тасаллобахш рафт.
Номбурда дар даври тасаллобахш ҷудокори муғул Эрденбайар Батзайаро бо имтиёзи иппон шикаст дод ва барои зинаи сеюм бо намояндаи Қирғизистон вориди набард шуд.
Аммо паҳлавони дигари кишвар Беҳрӯз Хоҷазода натавонист медал ба даст оварад ва миёни 16 ҷудокори вазни то 73 кг зинаи 5-умро гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали рақобатҳо Шаҳбоз Саидаброров мағлуб ва Муҳаммад Маҳмадизода бинобар доштани вазни изофӣ иштирок карда натавонист.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии Осиё, ки дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Нур-Султон доир мешавад, нуҳ паҳлавон намояндагӣ мекунад.
Рақобатҳо барои интихоби беҳтаринҳои Осиё оид ба ҷудо миёни 182 варзишгар аз 19 кишвари қораи Осиё аз 4 то 7 август доир мешавад.