https://sputnik.tj/20220801/komronshoh-somon-pahlavon-tojikiston-qahramoni-osiyo-1050412608.html
Аз Комроншоҳ то Сомон: нуҳ паҳлавон Тоҷикистонро дар қаҳрамонии Осиё намояндагӣ мекунад
Аз Комроншоҳ то Сомон: нуҳ паҳлавон Тоҷикистонро дар қаҳрамонии Осиё намояндагӣ мекунад
Паҳлавонони тоҷик бо ба даст овардани бурд дар ин мусобиқот соҳиби имтиёзҳо мешаванд, ки роҳашонро ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҳамвортар мекунад
2022-08-01T18:26+0500
2022-08-01T18:26+0500
2022-08-01T20:33+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
дзюдо
қаҳрамонии осиё
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102451/74/1024517402_0:0:1495:841_1920x0_80_0_0_0c9dd124994a6ef5112a91b10b2d8008.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии Осиё, ки дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Нур-Султон доир мешавад, нуҳ паҳлавон намояндагӣ мекунад.Рақобатҳо барои интихоби беҳтаринҳои Осиё оид ба ҷудо миёни 182 варзишгар аз 19 кишвари қораи Осиё аз 4 то 7 август доир мешавад.Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон) доир мегарданд.Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин рақобатҳо аз ин қабил аст: Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни то 60кг, Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73кг, Шодмон Ризоев- ҳарду дар вазни то 81кг, Комроншоҳ Устопириён бо Ҷаҳонгир Маҷидов- ҳарду дар вазни то 90кг.Паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки қаблан дар вазни то 73кг ҳунармоӣ мекард, дараҷаи вазни худро иваз кард. Аз ин пас ӯ дар вазни то 81кг баромад мекунад.Ҳамчунин дар вазнҳои вазнин Абубакри Акобир дар вазни то 100кг ва ниҳоят паҳавони маъруф Темур Раҳимов дар вазни +100кг Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.Ба иттилои манбаъ, пас аз хотима ёфтани рақобатҳои инфиродӣ дар рӯзи охири чемпионат рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд, аммо дастаи мунтахаби Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад. Бо иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузи қоравӣ варзишгарон имкон доранд хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Тибқи муқаррарот, барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад.
https://sputnik.tj/20220801/raqobati-varzishkroni-jomi-prezident-tojikiston-dushanbe-1050407968.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102451/74/1024517402_28:0:1468:1080_1920x0_80_0_0_1375502ad10988b444d2db98f033fd38.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
комроншоҳ сомон паҳлавон тоҷикистон қаҳрамонии осиё
комроншоҳ сомон паҳлавон тоҷикистон қаҳрамонии осиё
Аз Комроншоҳ то Сомон: нуҳ паҳлавон Тоҷикистонро дар қаҳрамонии Осиё намояндагӣ мекунад
18:26 01.08.2022 (Навсозишуда: 20:33 01.08.2022) Паҳлавонони тоҷик бо ба даст овардани имтиёз дар ин мусобиқот соҳиби имконоте мешаванд, ки роҳашонро ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҳамвортар мекунад
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии Осиё, ки дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Нур-Султон доир мешавад, нуҳ паҳлавон намояндагӣ мекунад.
Рақобатҳо барои интихоби беҳтаринҳои Осиё оид ба ҷудо миёни 182 варзишгар аз 19 кишвари қораи Осиё аз 4 то 7 август доир мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон) доир мегарданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин рақобатҳо аз ин қабил аст: Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни то 60кг, Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73кг, Шодмон Ризоев- ҳарду дар вазни то 81кг, Комроншоҳ Устопириён бо Ҷаҳонгир Маҷидов- ҳарду дар вазни то 90кг.
Паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки қаблан дар вазни то 73кг ҳунармоӣ мекард, дараҷаи вазни худро иваз кард. Аз ин пас ӯ дар вазни то 81кг баромад мекунад.
Ҳамчунин дар вазнҳои вазнин Абубакри Акобир дар вазни то 100кг ва ниҳоят паҳавони маъруф Темур Раҳимов дар вазни +100кг Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, пас аз хотима ёфтани рақобатҳои инфиродӣ дар рӯзи охири чемпионат рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд, аммо дастаи мунтахаби Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад.
Бо иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузи қоравӣ варзишгарон имкон доранд хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд.
Тибқи муқаррарот, барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад.